logo

ҳуқуқ

ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Дар Суди Олии иқтисодии кишвар чораҳои тақвият бахшидани  мубориза алайҳи коррупсия зимни мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ба гуфтаи Зокир Аминзода, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ, ин амали номатлуб дар байни кормандони судҳои иқтисодӣ низ ба қайд гирифта шудааст. Афзоиши кирдорҳои коррупсионӣ дар мақомоти судӣ боиси нигаронии ҷиддист. Пайваста доир намудани вохӯриҳо байни масъулони ин ниҳод бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз муносибатҳои коррупсионӣ ба шумор меравад. Дар бисёри маврид ҳолатҳои ришваситонӣ дар байни кормандону мансабдорон бо сабаби ноогоҳии онҳо аз оқибати амалашон сурат мегирад. Реша давондани коррупсия, пеш аз ҳама, эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ халал ворид менамояд.
Маҷиди Абдукарим, сарнозири сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, гуфт, ки танҳо бо роҳи муқовимати  дастаҷамъии аҳолӣ ва идораҳои дахлдор коҳиш бахшидани амалҳои  коррупсионӣ дар ҷомеа имконпазир аст. Аммо шаҳрвандон, бо вуҷуди зиёд, ба ин зуҳурот дучор омадан, барои пешгирии он беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Аз ин рӯ, агентӣ тасмим гирифтааст, ки тавассути доир намудани вохӯрию суҳбатҳо бо аҳолӣ ва  масъулони корхонаю муассисаҳо пешгирии коррупсияро тақвият бахшад. Давоми 5 моҳи соли равон аз ҷониби кормандон ва роҳбарияти агентӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ва идораҳо 170 вохӯрӣ доир гардидааст. Ҳамчунин, бо мақсади иртиботи фаврию шаффофи аҳолӣ бо агентӣ сомонаҳои иҷтимоии махсуси «Вайбер», «Вотсап» ва «Имо» фаъол гардонда шудаанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2018    №: 125    Мутолиа карданд: 1163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед