logo

порлумон

ДУШАНБЕ – БОХТАР. МАРҲАЛАИ ДУЮМИ СОХТМОНИ РОҲ ОҒОЗ МЕЁБАД

Ба мақсади таҷдид ва навсозии  роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар (Қӯрғонтеппа) ба масофаи 39,6 километр аз деҳаи Чашмасорони ноҳияи Хуросон то шаҳри Бохтар 30 апрели соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишномаи иловагии грантӣ ба маблағи 90 миллион доллар ба имзо расонда шуд.

Ин нукта зимни баррасии Созишномаи грантӣ (амалиётҳои махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Роҳравҳои ҲИМОМ 2,5 ва 6 (лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа)» - маблағгузории иловагӣ аз ҷониби Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи  Маҷлиси намояндагон ба вакилони мардумӣ ироа гардид.
Назар ба гуфтаи муовини вазир, марҳилаи дуюми лоиҳа, ҳамчунин, сохтмони 9 адад пул, аз ҷумла як адад бо дарозии 330 метр аз болои дарёи Вахш, 14 адад чорсӯ ва гардишгоҳ, 18 адад истгоҳ ва павилион, 8  гузаргоҳи чорвогузар, 3 пиёдагузар, аз ҷумла 2 зеризаминӣ, 46 лӯлаи обгузарро дар бар мегирад. Паҳнои қисмати роҳ аз 23 то 36 метр ва ғафсии асфалт ба 11,5 сантиметр хоҳад расид. Пешбинӣ шудааст, ки татбиқи лоиҳа соли ҷорӣ оғоз ёфта, то моҳи марти соли 2023 идома меёбад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки таҷдид ва азнавсозии  роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар   ба масофаи 73,2 километр ду марҳиларо дар бар мегирад. Барои татбиқи марҳилаи якум, ки  33,2 километр аст, 96,4 миллион доллар ихтисос ёфтааст.
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои интихобшудаи роҳраву коридорҳои 2,5 ва 6 - и Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ мебошад, ки пойтахти кишвар - шаҳри Душанберо ба вилояти Хатлон ва ВМКБ, инчунин, кишварҳои ҳаммарз – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайвандад.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 5174
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед