logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД

29 июн - дар рӯзи шашуми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот карда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва фаъолияти бахшҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳоро давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ва панҷ моҳи соли 2018 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки дар зарфи қариб 27 соли Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят беш аз 500 корхонаи истеҳсолӣ, 700 мактаби нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 165 ҳазор ҷойи нишаст ва 53 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода супурда шудаанд. Дар ин давра дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ беш аз 750 ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, энергетикаро таҳлилу баррасӣ карда, баҳри ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъминоти оби босифати ошомиданӣ ба аҳолӣ, обёрии заминҳову истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва дигар хизматрасониҳо ба аҳолӣ ба роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Супоришҳои дигар ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷойдошта, андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри барқарор намудани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содироти он, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, бо воридоти технологияҳои муосир бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ дода шуданд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишвари мо ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар ҷараёни сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба ин ҷумҳурии ҳамсоя намоиши маҳсулоти саноатии истеҳсоли Тоҷикистон баргузор мегардад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳои саноатӣ супориш доданд, ки ба ин чорабинӣ аз имрӯз ҳамаҷониба ва ҷиддӣ омодагӣ бинанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиронро дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба зарурати ташкили инфрасохтори муосири сайёҳӣ, рушди сайёҳии таърихиву фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷалб карданд. Таъкид гардид, ки бунёди меҳмонхонаҳо ва дигар иншооти инфрасохторӣ дар шафати роҳҳо, инчунин, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар ин самт буда, метавонанд ҳазорҳо нафар аҳолии кишварро, махсусан дар деҳот, бо шуғл таъмин намоянд.
Соли 2021 дар Тоҷикистон 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ, бо заҳмати содиқонаву пурсамар, нишондиҳандаҳои баланди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободу зебо намудани ҳар гӯшаи Ватани биҳиштосоямон таҷлил кардани ин иди умумимиллӣ Президенти мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода, мардуми ватандӯсти кишварро ҳидоят карданд, ки аз имрӯз омодагии ҷиддӣ гиранд.
Барои ин бояд дар давоми се соли дарпешистода дар ҳар маҳали аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо барои на камтар аз 10 - 15 кат ва ҳуҷраҳои махсус барои анҷом додани хатна, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ вусъат дода шавад.
Инчунин, бунёди китобхонаву ҳаммомҳо бо сартарошхонаву кошонаи ҳусн, боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру истироҳати оммавӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла коргоҳҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳо, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва умуман, ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин, шинондани ниҳолҳо ва бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи корҳои ободоние мебошанд, ки ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ анҷом дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки дар ин кори хайр мардуми заҳматқарину соҳибмаърифати вилояти Суғд ва роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ пешсафу намуна хоҳанд буд.
Баъди суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ соҳибкорони ватандӯст бо иқдомҳои созанда баҳри истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, ба Пешвои миллат барои дастгирии соҳибкории хурду миёна изҳори сипос карданд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти имрӯза ҳисоботи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти бахшҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят давоми 5 моҳи соли 2018 шунида шуд.
Раиси вилоят аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи дастгириҳо ва ташаббусҳои созанда баҳри беҳсозии сатҳи иқтисодию иҷтимоии мардум арзи сипосу миннатдорӣ намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 3264
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед