logo

ҳуқуқ

ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ: "ШУМОРАИ НАШЪАМАНДОН 4 ДАРСАД КОҲИШ ЁФТААСТ"

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъаовар Азим Иброҳим, ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои марбутаи давлатӣ иштирок доштанд.

Муовини раиси Шӯро, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода оид ба вазъи ҷинояткорӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои  вобаста ба маводи нашъаовар дар кишвар гузориш дод. Аз гузориши директори агентӣ бармеояд, ки бо вуҷуди тадбирҳои судманд дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳанӯз ҳам ҷиноятҳои вобаста ба он аз байн нарафтаанд.
Муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода аз тадбирҳои андешида ҷиҳати коҳиш додани ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ сухан карда, ҳамзамон диққати ҳозиринро ба мушкилоти мавҷуда ҷалб сохт.
Таҳлили татбиқи барномаи вижаи «Наздиктар ба якдигар – дур аз одатҳои бад: маводҳои нашъаовар, тамоку ва машруботи спиртӣ», бурду бохтҳо дар ҷараёни роҳандозии он муҳтавои суханронии директори Муассисаи давлатии маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахт Ҳасановро ташкил дод.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои миллат, татбиқи Стратегияи миллии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар самти назорати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, дар яку ним соли охир аз муомилоти ғайриқонунӣ ба миқдори 6626 килограмм маводи нашъаовар мусодира, 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша ошкор ва фаъолияташ қатъ, 41 саркарда ва аъзои ин гурӯҳҳо дастгир шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Шумораи нашъамандон дар панҷ соли охир 4 дарсад коҳиш ёфтааст.
Зимни мубодилаи афкор аъзои шӯро, аз ҷумла зарурати гузарондани санҷишҳои интихобиро миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади пешгирӣ аз истеъмоли маводи нашъадор таъкид намуданд.
Сафаргул АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 1118
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед