logo

туризм

САЙЁҲӢ. ТОҶИКИСТОНРО ШОИСТА МУАРРИФӢ НАМОЕМ

Соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ аз ҷиҳати даромад ҷойи сеюмро ишғол менамояд. Ҳамчун созандаи ҷойҳои нави корӣ бошад, он дар рӯйхати аввалинҳост: 9 дарсади ҷойҳои корӣ ба соҳаи сайёҳӣ тааллуқ доранд. Ҳар як сайёҳ ба ҳисоби миёна на кам аз 500 - 700 доллари амрикоӣ сарф мекунад. Аз рӯйи ҳисоби омории Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, соли гузашта 1, 2 миллиард сайёҳ сарҳадҳои байни давлатҳоро убур кард ва даромади умумии кишварҳо аз ин ҳисоб ба 1,5 триллион доллар баробар гардид, ки 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аз рӯйи ҳисоби пешакӣ, шумораи сайёҳон то соли 2030 ба 1, 8 миллиард нафар мерасад. Дар ин радиф кишвари мо низ барои қабули сайёҳони хориҷӣ имконияти фарох дорад.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди инфрасохтори соҳа заминаи устувор гузошт. Дар пойтахти кишвар меҳмонхонаҳои замонавии  панҷситорадори «Серена», «Ҳаят реҷенсӣ» ва «Шератон», ҳамчунин, дар минтақаҳои сайёҳии кишвар меҳмонхонаҳо, хонаҳои миллӣ ва дигар иншооти маишию истироҳатӣ бунёд гардиданд. Яке аз омилҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар ин мавҷудияти роҳҳои замонавию бехавф ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 километр роҳ ва 240 пул азнавсозӣ, 30 километр нақбҳои мошингузар сохта ба истифода дода шудаанд. Кушодани 8 гузаргоҳи сарҳадии ду кишвари ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Ӯзбекистон моҳи марти соли ҷорӣ иқдоми бузургест барои бе мамоният гузаштани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, инчунин, сайёҳон аз як мамлакат ба мамлакати дигари Осиёи Марказӣ, ки ба  зиёдшавии теъдоди сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба минтақа мусоидат мекунад. Бисёр сайёҳон, ки аз кишварҳои дур нияти сафар ба Осиёи Марказӣ мекунанд, мехоҳанд дар як сафар на танҳо як кишвар, балки ҳамаи кишварҳои минтақаро тамошо намоянд. Ин хатсайри сайёҳӣ дар бозори сайёҳии ҷаҳон бо номи «Панҷ кишвар» (бо забони англисӣ «Five stan») машҳур аст, ки маънояш саёҳат ба панҷ мамлакат мебошад. Ин амал барои  сайёҳон аз ҷиҳати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи вақт низ муфид аст.
Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда соли гузашта дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин, озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ барои воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ низ аз иқдомҳои босамари пешгирифтаи давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди соҳа мебошад. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба бозори сайёҳии ҷаҳон баромаданд, дар саммит, намоишгоҳҳо  ва ярмаркаҳои сайёҳии ҷаҳонӣ, ба монанди «Туризм ЭКСПО Япония - 2017», «Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ» (Лос Анҷелес), «Топ Реса» (Фаронса), «Имкониятҳои сайёҳӣ» (Кореяи Ҷанубӣ) ва дигар чорабиниҳои сайёҳӣ иштирок намуданд. Охири соли 2017 бо иқдоми кумита дар шабакаи интернетӣ портали миллии сайёҳӣ (www.traveltajikistan.tj ) бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ кушода шуд ва дар оянда он ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ низ тарҷума мегардад. Портал дорои маълумот доир ба  иқтидору имкониятҳои сайёҳӣ дар кишвар, гирифтани раводиди сайёҳӣ, роҳҳои рафтуомад, номгӯи ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, ҳамчунин, дар бораи таърих ва маданият, урфу одат, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти зарурӣ барои сайёҳон мебошад.
Солҳои охир эътибори сайёҳии Тоҷикистон дар ҷаҳон пайваста боло меравад.  Соли 2012 ВВС – и Британияи Кабир Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои тамошои сайёҳон дохил намуд, соли 2014 маҷаллаи бонуфузи «Globe Spots» Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои дунё барои туристони саргузаштӣ эълон дошт,  соли 2016 маҷаллаи маъруфи «National Geographic» шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро яке аз шоҳроҳҳои зеботарини дунё ном бурд, озмуни ҷаҳонии «The Sustainable Destinations Global Top 100» кӯҳҳои Помирро дар қатори 100 ҷойи беҳтарини зиёрати сайёҳон ва яке аз минтақаҳои ҷолиб барои туризми экологӣ эълон кард, соли 2015 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба даҳгонаи пойтахтҳои аз рӯйи таъмини амнияти шабона эмин дохил шуд, соли 2018 дар рейтинги Созмони байналмилалии British Backpacker Society Тоҷикистон дар зинаи 7 – ум ба рӯйхати бистгонаи давлатҳои беҳтарини барои саёҳат шавқовар шомил шуд. 7 марти соли 2018 дар ҳошияи Намоишгоҳи ҷаҳонии сайёҳии Берлин - 2018 минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон дар рӯйхати «100 самти беҳтарин барои сайёҳӣ» дохил шуда,  дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором сазовори ҷойи аввал гардид.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳо гуфтан мумкин аст, ки таҳкурсии рушди босамари соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон аллакай гузошта шудааст. Тоҷикистон ҳамчун давлати барои саёҳат амн ва дорои имкониятҳои фарохи сайёҳӣ муаррифӣ мешавад. Соли 2018 департаменти давлатии ИМА Тоҷикистонро ҳамчун давлати амну ором барои саёҳат ба шаҳрвандони худ тавсия дода, дар рӯйхати давлатҳои амнтарин ҷойгир намуд.
Афзудани теъдоди сайёҳон ва меҳмонон ба кишвари мо ба манфиати иқтисоди миллӣ мебошад. Сокинони кишвар бояд дарк кунанд: ин табиати зебо, ки Худованд ба мо ато кардааст, бояд ҳамчун омили муҳими рушди иқтисодӣ истифода бурда шавад. Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баргузории конфронсу семинарҳо оид ба дарёфти роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои сайёҳии кишвар ва андешидани тадбирҳои дигари муассир хеле бамавриданд. Барои ҷалби сайёҳон бояд тарзи дурусти пешниҳод кардани хидматҳои ҷавобгӯ ба талаботи замонро ба роҳ монем, инфрасохтори сайёҳиро рушд диҳем ва ба ҷаҳониён Тоҷикистони зебою афсонавӣ, дорои арзишҳои волои таърихӣ, фарҳангӣ ва табииро пешниҳод намоем.
Фаридун ҲАМРОЕВ,
номзади илмҳои техникӣ, устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик  М. Осимӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 1166
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед