logo

туризм

ЧИЛДУХТАРОН

Искандари Мақдунӣ бо лашкари бешумор ба сарзамини Хатлон ҳуҷум меорад. Аз рӯи афсонаи маъмули  кӯҳи Чилдухтарон забткорон ба саргаҳи  Муъминобод мерасанд.  Баҳорон буд ва 40 духтари зебочеҳра дар дашту даман сайр дошт. Ғосибон онҳоро пайгирӣ карданд ва гулрухон бо ҳарос роҳи тарафи дарёчаи Сурхакро пеш гирифтанд. Дар рӯзи чилуми сарсониҳо духтаракон аз дарёча мегузаранду ба дашти фароху гул - гулшукуфоне мерасанд. Душман низ дар фосилаи кӯтоҳе қарор дошту ба онҳо хеле наздик шуда буд. Зебочеҳраҳои боиффат рӯ ба даргоҳи Кирдгор оварда, бо илтиҷо мадад ҷустанд то онҳоро санг гардонаду дар банди ишғолгарон гирифтор накунад. Пас аз лаҳзае дар ин дашти фарохи Паҳндара кӯҳи бузурге сар ба фалак кашид. Духтарони бонангу ор дар теғаҳову қуллаи кӯҳ ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд ва кӯҳ ба шарофати ҳамин отифаҳои камназир исми Чилдухтаронро гирифт. Дар атрофи Чилдухтарон деҳаҳои Дашти Ар - ар, Дучандон, Баландҳоит, Дарусара, Ғалакдара, Турёб, Сиёҳмӯза, Паҳндара доман густурдаанд.
Алҳол ин ҷо парваришгоҳи давлатии «Чилдухтарон» фаъол аст. Он беш аз 14 ҳазор гектарро фаро гирифта, зиёда аз 40 ҳазор бех арча, 40 ҳазор дарахтони бодому себу олуча, олу, зелол, 40 номгӯй гиёҳҳои шифобахш, кабк, уқоб, шоҳин, оҳу дорад. Асали Чилдухтарони Муъминобод шифоист.
Афсонаи нави Чилдухтаронро шахсияти ҳотамсиришту кушодадил Ҳоҷӣ Амонулло соли 2016 оғоз бахшид. Аз деҳаи Ғеш то наздикии кӯҳи бонувони ватанпараст, ки 25 ҳазор метр бештар меояд, роҳи нави мошингард кушод. Роҳи нав бо пули 130 - метраи болои дарёи Сурхак ба ноҳия пайваст мегардад. Аз ин роҳ бошандагони деҳаҳои мавзеи Дуоби Боло равуо доранд. Ҷолиб аст, ки аз ин роҳ сайёҳон низ ба саёҳати Чилдухтарон меоянд. Фақат дар зарфи 2 соли охир беш аз 10 ҳазор нафар мардуми водии Вахш, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор  ва аз хориҷи кишвар ба Муъминобод омада, мафтуни манзараҳои кӯҳи афсонавӣ гардиданду дар ин ҷо қуввату дармони тоза ёфта, бо таассуроти зиёд ба манзилҳои худ баргаштанд.
Аллакай беш аз 20 меҳмонхонаи шахсӣ ба қабули яквақтаи 150 нафар сайёҳ омодааст. Як чизи ҷолиб он аст, ки дар ин диёр филмҳои машҳури бадеии «Рустам ва Суҳроб», «Айёми туманҳои зимистон» ба навор гирифта шудаанд. Ҷое, ки падар писари  худро ба қатл мерасонад, бо номи «Қабри Суҳроб» ёд мешавад. Он ба зиёратгоҳи  сайёҳон табдил ёфтааст. Аз камару домани кӯҳ чашмаҳои софу беғубор, сарду ширин ҷорианд. Аз онҳо омадагон бо як ҳаловату кайфият нӯши ҷон мекунанд, аз таъму лаззати онҳо дар ҳайрату аҷобат мемонанд.
Ҳар дараи Чилдухтарон, ҳайкали бонувони он розгӯи қиссаҳои зиёданд. Барои шунидани розу ниёзҳо, дидани ин сарзамини афсонавӣ шавқмандон бешуморанд. Худи дирӯз 10 нафар сокини Самарқанд ба сайри табиати афсункори ин гӯшаи зебо, нотакрор, фирдавси сонӣ омаданд ва онҳо хеле ҳайратзада ҳам шуданд аз тамошои кӯҳистон. «Аҷдодони мо ин гуна ҷойҳои тамошобоб, нотакрор доранду ба мо боре намегӯянд», - гуфтанд шӯхиомез онҳо. Махсусан, шаршараи 20 - метраи мусаффои Чилдухтарон ба онҳо писанд омад. Охир чӣ сон маъқул нашавад, ки он гӯё аз қади сарвосои он нозанинони баиффат таровида - таровида бӯйи мушки Хутанро ба машоми интизорон мерасонад, ташнагонро сероб, даштҳоро сарсабз месозад. Сарсабзӣ бошад, ҳаёт ҳаст. 
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 1124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед