logo

номаҳо

ТАЪЛИМИ МАЪЮБОН. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ

Яке аз масъалаҳои муҳиму мураккабу мубраме, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳалли дурусти худро аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайдо кард, ин таъсиси гурӯҳи махсус  ва тайёр кардани мутахассисони оянда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба хотири таълиму тарбияи кӯдакони маъюб аст. Пештар ин гуна мутахассисон дар хориҷи кишвар, он ҳам бо шумораи бисёр кам омода карда мешуд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 нафар дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона донишҷӯён қабул мегарданд. Ду-се сол барои мутахассиси хуб шуданашон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳам. Аз ҷумла, забони ишораро ба онҳо меомӯзонам. Ба ин муваффақ ҳам мегардам. Аммо пас аз он ба дигар шуъбаҳои факултаҳо интиқол дода мешаванд. Албатта, мувофиқи қонуну низомномаҳои мавҷуда донишҷӯён ҳуқуқи гузаришро доранд. Ба ин сабаб, шумораи зарурии мутахассисонро омодаву пешниҳод карда наметавонем. Ин ҳолат дар навбати худ мушкили зиёдро эҷод мекунад. Ҳол он ки мактаб – интернатҳо ва муассисаҳои махсусгардондашуда ба чунин мутахассисон бисёр ниёзманданд.
Умуман, сари масъалаи мазкур бояд ҷиддӣ андешид ва зарур аст, ки пеши роҳи он гирифта шавад. Чӣ гуна? Ба андешаи инҷониб идрорпулии донишҷӯёнеро, ки дар гурӯҳҳои махсусгардондашуда таҳсил мекунанд, бояд афзуд. Нахуст, ин амал як навъи ҳавасмандӣ ва ҷалби мутахассисони ояндаи соҳа мебошад. Баъдан, таҳсил дар гурӯҳҳои мазкур нисбат ба дигар гурӯҳҳо осон нест. Ин таҷрибаест озмудашуда дар мамолики пешрафтаи дунё ва он самари хуб ҳам ба бор овардааст.
Дар оянда агар аз шумори маъюбон ва волидайни онҳо мутахассисонро омода созем, ба нафъи кор аст. Дар ин маврид аз ҷониби Маркази миллии тестӣ бояд имтиёзҳо барои қабул шуданашон муқаррар гардад. Инчунин, бо ин гурӯҳ шартномаи махсус баста шавад, ки тибқи он ба дигар гурӯҳҳову шуъбаҳо нагузаранд.
Ба ҷуз ин ҳама, соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсусро хостгор аст ва ниёз ба дастгирӣ ва ташвиқу тарғиби бештару беҳтарро дорад.
Саттор ҚУВВАТОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 3403
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед