logo

маориф

Донишгоҳи тиббӣ 70 -сола мешавад

Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар оғози нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки рӯзҳои 20-21 ноябр ҷашни бошукӯҳи 70 -солагии донишгоҳ баргузор мегардад. Ба ин муносибат энсиклопедияи он ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо сифати хуб ба табъ расид. Ба гуфти ректор, донишгоҳ дар тӯли фаъолияташ беш аз 32 ҳазор мутахассиси варзидаро тайёр намудааст, ки дар 32 мамлакат фаъолият доранд. Зикр гардид, ки ДДТТ солҳои 2005-2009 ба натиҷаҳои назарраси иқтисодӣ ноил гашт. Дар соли 2009 буҷети он ба 16 миллион сомонӣ расид, ки 64 дарсади онро маблағҳои хусусӣ ташкил медиҳад ва нисбат ба соли 2004 беш аз 12 маротиба боло рафтааст. Ба мақсади татбиқи «Барномаи рушди ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2006-2015» дар давоми 4 соли охир ба маблағи 8,54 миллион сомонӣ таҷҳизоти таълимӣ, илмӣ ва муолиҷавӣ харидорӣ шуданд. Музди меҳнати ҳайати профессорону омӯзгорон низ дар ин муддат аз 11 то 17 маротиба зиёд шуд.
У. Қурбонов гуфт, ки дар муддати нӯҳ моҳи соли ҷорӣ чандин марказҳо, аз ҷумла такмили ихтисос ва бозомузӣ, иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ, тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти соҳавӣ, технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, ташхисию табобатӣ ва маркази ягонаи тестӣ таъсис дода шуд, ки далели фаъолияти пурмаҳсули роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Маркази тарҷумаи адабиёт ва истилоҳоти навтаъсис тарҷумаи китобҳои «Бемориҳои ҷарроҳӣ», «Бемориҳои сироятӣ», «Луғати истилоҳоти биологӣ», «Бемориҳои дарунӣ», «Шарҳи луғоти тиббӣ» ва ғайраро ба сомон расонид, ки барои пешрафти таълиму тадрис ба забони давлатӣ муфид ва бамаврид аст. 

Мунаввари  САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед