logo

ҳуқуқ

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ЯК НИШАСТИ МУҲИМ

Бо мақсади коҳиш додани сатҳи амалҳои коррупсионӣ ва мунтазам бартараф намудани монеаҳо ва фароҳам овардани шароит барои инкишофи арзишҳои демократӣ Барномаи идоравии (соҳавии) зиддикоррупсионии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» фаъолияти пурсамар нишон дода истодааст.

Ин нуктаро Шералӣ Хушзода, раиси комиссияи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ «Оид ба пешгирии коррупсия», дар ҳисоботи шашмоҳаи худ, дар ҷаласаи аъзои комиссия зикр кард.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, аз ҷониби комиссияи ҷамъиятӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани амалҳои коррупсионӣ, вусъат додани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ дар ташкилоту корхонаҳо бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия зиёда аз 20 суҳбату вохӯриҳо гузарондаанд.
Дар ин ҷаласа Маҷидӣ Абдукарим, сарнозири раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ВАО-и сарраёсати агентӣ, иштирок ва суханронӣ намуд.  Тавре номбурда гуфт, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тафтиши буҷети муассисаҳои давлатӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби муассисаҳо ба ҳисоб меравад. Вазифаи дигари ин сохтор назорат ва фош кардани маблағҳои буҷетие, ки аз ҷониби кормандони муассисаҳои давлатӣ ғайри мақсад истифода мешавад.
Дар ҷаласа оид ба рафти иҷрои нақшаи кории дохилиидоравии ноҳия ва таъмини иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» гузориш дода шуда, зикр гардид, ки комиссияи ҷамъиятӣ тибқи нақша - чорабиниҳо барои солҳои 2017 - 2018 фаъолияти худро бо ҷалби сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ пеш бурда, ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои ба зимма гузошташуда оид ба масъалаҳои амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ корҳои назаррасро ба сомон расонда истодааст. Инчунин, масъулон баҳри амалисозии корҳои фаҳмондадиҳии барномаҳои давлатӣ, ташаккул додани ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва фазои оштинопазир ба он бо кормандони мақомоти давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо новобаста аз шакли моликияташон ва дар байни ҷомеа, вохӯриҳои судманд гузаронда истодаанд.
Сафаргул АЛИМОВА,
Маҳмуд БАҲРОМ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 1049
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед