маориф
ДУШАНБЕ. ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОН ДАР БУЛҒОРИЯ
Дар шаҳри Бургаси Ҷумҳурии Булғория Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IMC 2018» бо иштироки беш аз 600 хонанда аз 35 давлат баргузор гардид.
Тибқи иттилои Хуршед Каримов, муовини директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, кишвари моро дар он 4 даста (24 нафар) муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони тоҷик сазовори 15 медал, аз ҷумла 2 тилло, 6 нуқра ва 7 биринҷӣ гардиданд.
Ҳамзамон, 3 даста ба гирифтани мақомҳои аввалу, дуюму сеюм мушарраф гашта, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Дар олимпиада хонандагони литсей - интернати тоҷикӣ-русӣ “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе 11 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ), литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ва литсейи инноватсионии Душанбе як медали биринҷиро ба даст оварданд.
Мавриди зикр аст, ки хонандагони кишвар аз аввали соли 2018 дар 13 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифт, фаъолона иштирок намуда, ба дарёфти 196 медал, аз ҷумла 47 тилло, 71 нуқра ва 78 биринҷӣ сарфароз гардиданд, ки ин дастовард нисбат ба натиҷаи ҳамин давраи соли гузашта 103 медал (33 тилло, 36 нуқра ва 34 биринҷӣ) зиёд мебошад.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.07.2018 №: 135 Мутолиа карданд: 1663