logo

туризм

ПАРКИ МИЛЛӢ БЕҲТАРИН МАКОН БАРОИ САЙЁҲӢ

Парки миллии Тоҷикистон, ки бо бузургӣ, ёдгориҳои таърихӣ, анвои гуногуни набототу ҳайвоноти нодираш дар қаламрави Осиёи Марказӣ беназир аст, аз минтақаҳои муҳими сайёҳии кишвар ба шумор меравад. Он дар қисмати марказии Помиру Олой ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 2, 6 миллион гектарро ташкил медиҳад. Ин макони афсонавӣ соли 2013 ҳамчун мавзеи нодири табиӣ ба Феҳристи ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.

Аз сабаби он ки то ин дам ба ин макон дасти одамизод камтар расида, он чизе, ки  таърих аз худ боқӣ мондааст, шаклу намуди худро дигар накардааст. Яъне, дар он  ҳама чиз на ба таври сохта, балки он гунаест, ки табиат офарида. Табиаташ зебову пурасрор аст. Ҳангоми сафар ба парк ҳар нафар на танҳо аз тамошои табиати зебо ҳаловат мебарад, балки метавонад аз парандагону ҳайвоноти нодир, баландтарин қуллаҳои Осиёи Марказӣ, кӯҳҳои азими яхин, кӯлҳову чашмаҳои софу зулол,  ки ҳар кадом  дар худ сирру асрори зиёд доранд, дидан кунад. Вақеан ҳам, ҳеҷ чизе бештар аз ин наметавонад барои як нафар сайёҳи хориҷӣ диққатҷалбкунанда бошад.
Шумо боре шунидаед, ки дар ҳудуди як парк  400 кӯл мавҷуд ва бар зами ин, оби ширини софу зулол дошта бошад?  Не, албатта. Чунин манзараро ба ҷуз аз Парки миллии Тоҷикистон дар ҳеҷ кишвари Осиё наметавон мушоҳида намуд. Онҳо аз ҳамдигар дар масофаи 1 - 2 киллометр ҷойгиранд. Калонтарини онҳо Сарез, Қаракӯл ва Яшикӯл ба шумор мераванд ва тибқи маълумотҳо танҳо захираи оби Сарез беш 17 километри мукааб обро ташки мекунад.
Ба иттилои директори парк Девлох Мирзоев калонтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ маҳз дар ҳамин мавзеъ ҷойгиранд. - Ба ин хотир, онро манбаи асосии оби минтақа меноманд. Танҳо  пиряхи калонтарини Осиёи Марказӣ - Федченко 10, 2 дарсади манбаи захираи оби Помирро ташкил менамояд. Дар ҳудуди парк, ҳамчунин, 10 пирях мавҷуд аст, ки зиёда аз 2 километр масоҳат дорад, - мегӯяд ӯ.
Ин аст, ки парк аз ҷиҳати захираи об беҳамто арзёбӣ мегардад. Гармчашмаи ин макон барои сайёҳон на танҳо макони истироҳат, балки табобати хубест. Қумзори гарми Яшилкӯл, ки ҳамасола садҳо одамон барои табобат ба он ҷо мераванд, хеле машҳур аст.
Тибқи иттилои дастрасшуда ҳоло дар парк  162 навъи паранда мавҷуд аст, ки дар маҷмӯъ 13 намуди парандагони Осиёи Марказиро ташкил мекунанд. Қози кӯҳӣ, каргаси барфӣ, ришкалон, бургут, улари тибетӣ, моҳихӯраки бур барин парандагоне, ки дар ин макон зиндагӣ мекунанд, ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» шомиланд.
Гӯсфанди кӯҳии помирӣ (Марко Поло), бабри барфӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, гурги сурх аз нодиртарин ҳайвоноти макон ба шумор мераванд.
-Дар парк, ҳамчунин, рустаниҳои нодире, ки дар бисёре аз кишварҳо аллакай аз байн рафтаанд, нашъу нумӯъ доранд. Ба ин хотир, он, ҳамзамон  метавонад яке аз лабораторияҳои табиӣ  барои гузарондани таҳқиқоти илмӣ гардад. Хусусан, барои биологҳо мавзеи хеле мусоиди озмоишӣ мебошад, - мегӯяд Убайд Акрамов, муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда.
Коршиносону муҳаққиқони кишварҳои Муғулистон, Ҷопон, Олмон ва Британияи Кабир борҳо аз парк дидан намуда, ин маконро иншооти таърихии инъикоскунандаи пайдоиши ҳайёт дар рӯи Замин номидаанд.  Зеро дар он нишонаҳои  аввалини истифодабарии олоти  мисину пӯлодӣ ва ашёҳои дигар баҳри парвариш ва ром намудани ҳайвоноти ёбоӣ, шикор ва муборизаҳои дастаҷамъона зидди ҳайвоноти ваҳшӣ мушоҳида мешавад. Дар он, ҳамчунин, объектҳоеро  метавон вохӯрд, ки таърихи миллионсола  доранд ва дар давраи гузариш аз замони мезазой ба таърихи полионтологӣ шакли худро дигар накардаанд.
Дар ин макон аз тарзи солшумории шамсӣ, ки ба асрҳои 5 – 6 - и пеш аз мелод рост меояд, маълумот метавон пайдо намуд. Мавзеъҳоеро низ метавон вохӯрд, ки дар онҳо асрҳои пеш метеоридҳо афтидаанд ва изи  онҳо то баҳол нигоҳ дошта шудааст. Мутахассисон ин ва дигар хусусиятҳои паркро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае омаданд, ки дар Парки миллии Тоҷикистон маълумотҳое мавҷуданд, ки на танҳо хусусияти минтақавӣ, балки  умумиҷаҳонӣ доранд ва омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо дар таърихи инсоният саҳифаи наверо  боз хоҳад кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2018    №: 136    Мутолиа карданд: 1060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед