logo

туризм

САРАЗМ МАКОНИ САНГҲОИ ГӮЁ

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани таҷлили 5500 - солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар соли 2020, ин арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллист.
Шаҳраки қадимаи Саразм аз ёдгориҳои куҳантарини мардуми Осиёи Марказӣ буда, аз ҳунармандии ниёгонамон шаҳодат медиҳад. Дар ин ҷо бештар иморатҳои маъмурӣ, ки то 50 - 100 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шудаанд. Атрофи онҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намуда, кӯчаю паскӯчаҳои сангфаршшуда онҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд.
Ба ақидаи муҳаққиқон, дар Саразм якчанд аломатҳои пайдоиши аввалин шаҳрҳо мушоҳида мешаванд. Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфарш, нобаробарӣ дар молу мулкдорӣ ва табақаҳои иҷтимоӣ, инкишофи баланди тиҷорат, растаҳои ҳунармандӣ, ба соҳаҳо тақсимшавии кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯиву заргарӣ, бофандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ ва ғайраҳо, ки рукнҳои хоси шаҳрдориву шаҳрсозист, дида мешаванд.
Миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотие чун лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси маданияти Балуҷистон, Сиистону Афғонистон ва ғайра бо роҳи тиҷорат ба Саразм ворид гаштаанд. Аз сӯи дигар саразмиён паҳнкунандагони лоҷуварду  маҳсулоти маъдании шимолу шарқи Осиёи Марказӣ, тиллову нуқра, мису қӯрғошим ва дигар металлҳои қиматбаҳо ба самти ҷанубу шарқи Осиёи Миёна будаанд. Агар ба таҳқиқ назар кунем, Саразм як пойгоҳи омезишёбӣ ва такомули чандин маданиятҳои ақвоми АвруОсиё мебошад.
Нахустмуҳаққиқи ёдгории Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар натиҷаи тадқиқоти худ  муайян кардааст, ки  масоҳати он 100 гектар буда,  наздики 8000 аҳолӣ доштааст.
Дар ёдгории Саразм дар баробари муҳаққиқони дохилию хориҷӣ,  инчунин, донишҷӯёни ихтисоси таърих ва бостоншиносии Донишкадаи  омӯзгории шаҳри Панҷакент низ дар кофтукоби ҳафриётҳои нав саҳми бориз доранд.
Илҳом Муҳиддинов, магистри курси якум ва Сунатулло Набиев, донишҷӯи курси яки донишгоҳи мазкур зикр карданд, ки онҳо ҳафриёти дувуми худро канда истодаанд. Ҳафриёти якуми онҳо коргоҳи кулолӣ буд.
Барои беҳтар намудани инфрасохтори мамнӯъгоҳ масъулон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуданд, ки осорхонаи замонавии дорои лабаратория, меҳмонхона барои бостоншиносону меҳмонон ва гулгаштҳои зебо барои сайёҳони  дохиливу хориҷӣ сохта шаванд.
Дар даромадгоҳи осорхона сангҳое, ки дар натиҷаи кофтукоб пайдо шудаанд, ба маърази меҳмонон ва сайёҳон гузошта шудаанд, ки хеле назаррабоянд. Ашёи рӯзгоре, ки мо ҳоло шакли содаи онро истифода мебарем, дар ин ҷо намунаҳое, ки 5500 сол пеш истифода мебурданд, мавҷуд мебошад.
Дар осорхона бозёфтҳое, ки дар натиҷаи таҳқиқот пайдо шудаанд, дар рафҳо нигоҳ дошта шудаанд. Дар даромадгоҳи осорхона дар девор расмҳои Пешвои миллат дар Саразм (солҳои 2003, 2005), муҳаққиқони дохилию хориҷӣ ва Ашӯралӣ  Тайлонов,  нафаре, ки бори аввал табари нуқрагиро пайдо намудааст, ҷой дода шудаанд. Дар рӯ ба рӯи осорхона нимпайкараи нахусткашшофи ёдгорӣ Абдуллоҷон Исҳоқӣ гузошта шудааст.
Барои ҷалби сайёҳон ба ин ёдгории таърихӣ тарғибу ташвиқ тавассути сомонаҳои интернетӣ ва чопи варақаҳо ба роҳ монда шудааст.
Қобили зикр аст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккулёбии маданияти  кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон шудааст. Ин ёдгории гаронарзиш 31 июни соли 2014 дар сессияи 34 - уми ЮНЕСКО, ки дар Бразилия баргузор гардида буд, ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил шуд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2018    №: 137    Мутолиа карданд: 1262
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед