logo

ҳуқуқ

НОБОЛИҒОН. ФАРЗАНДИ БАД ДОҒИ ПАДАР

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати коҳиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон дар давоми панҷ моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби онҳо 459 ҷиноят содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 ҳолат зиёд аст.

Файзиддин Назаров, сардори шуъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, зимни суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” вазъи ҷинояткориро дар байни ноболиғону ҷавонон ташвишовар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки аз 459 ҳолати ҷинояти содиршуда дар 346 ҳолат ноболиғон иштирок намудаанд. Аз ин 117 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 222 ноболиғе мебошанд, ки ба ягон шуғл ё таҳсил машғул нестанд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои кор бо ноболиғон ва ҷавонон 2725 маротиба рейд ва амалиётҳои муштараки шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронда шуд. Дар натиҷа 7493 ноболиғ барои оворагардӣ, талбандагӣ, боркашӣ дар бозорҳо, ҷамъоварии маблағи роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, шустани воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои манъшуда, дар вақти дарс машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ, фурӯшандагӣ, дар ҷойҳои муқаррарнагардида дуд додани испанд ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар дастгир шуданд. Аз ҳисоби ноболиғони дастгиршуда 265 нафар дар қайди профилактикӣ, 5515 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 290 нафар аз омӯзишгоҳҳои касбӣ - техникӣ, коллеҷу техникумҳо, 1191 нафар ноболиғоне, ки дар ягон ҷо кору таҳсил намекунанд, инчунин 61 нафар коргар, 111 нафар аз оилаҳои носолим ва 59 нафар хонандагони мактаб - интернатҳо мебошанд.
Оид ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба падару модарон ва масъулон 9039 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардид. Бо қарорҳои судӣ 5180 падару модар, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ба маблағи 588 093 сомонӣ ҷаримабандӣ шуда, 1203 нафар огоҳонида шудаанд. Ҳамчунин, 2656 мавод мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зӯроваридошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, мутаассифона, имрӯз барои баъзе аз ноболиғону ҷавонон ҳамчун шавқу шуғли асосӣ ҳисоб меёбанд. Чунин бозиҳо ба рӯҳу равони инсон, махсусан ноболиғон, ки ҳанӯз инкишоф наёфтаанд таъсири манфӣ расонда, оқибат онҳоро ба содир намудани ҳар гуна амалҳои зиддиҷамъиятӣ водор месозад. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, сабабгори муноқишаҳои гурӯҳие, ки вақтҳои охир миёни ноболиғону ҷавонон ба вуҷуд омада истодаанд, агар аз як тараф машғул гардидан ба бозиҳои зараровари компютерӣ бошад, аз ҷониби дигар бемасъулиятии волидон мебошад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муайян ва дастгир намудани ноболиғони оворагард, аз мактаб дуршуда, пешгирии ҳолатҳои дарсшиканӣ, зуҳуроти номатлуби худкушӣ ва суиқасд ба он аз ҷониби масъулони воҳидҳои кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ  6512 вохӯрию мулоқот гузаронда шудааст.
Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 1193
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед