logo

номаҳо

ПУДРАТЧӢ Ё ПАЙМОНКОР?

Ман, ки ба сифати сохтмончӣ фаъолият доштам, ҳамеша диққатамро ин масъала ҷалб мекард, албатта, давоми даҳсолаҳо. Ба забони ноби тоҷикии мо пеш аз замони истиқлол вожаи «пудратчӣ» дохил шудаву мақоми устувор пайдо намуда буд. Ҳарчанд фаҳми он барои на ҳамаи мардум ба осонӣ даст медод.
Барои сохтмончиён бошад, чун истилоҳ мавриди истифода қарор дошт. Камтар аз аҳли ин соҳа дар мавриди забону сарчашмаи воридшавии он ба забони мо меандешид. Ҷойи таассуфи бештар он буд, намехостанд ҳаммаънои он, яъне «паймонкор»-ро истифода бикунанд ва ё барояш мақоми пешинаашро қоил бошанд. «Паймонкор», яъне чӣ? Паймонкор оне маҳсуб мешавад, ки дар асоси шартнома ё қарордод кор мекунад. Калимаи мураккаби мазкур аз «паймон» ва «кор» сохта шудааст. Ҳар ду қисмат низ тоҷикиянд. Онро ҳамаи ҳамзабонони мо, чи дар кишварамон ва чи берун аз он мефаҳманд. Балки ҳеҷ ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад.
Чанде пештар суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд шунидам. Пешвои миллат дар он маҳз калимаи «паймонкор», на «пудратчӣ» - ро истифода намуданд. Ба ростӣ, бисёр шод гардидам ва мутмаин, ки ба пайравии Президенти мамлакат аз ин пас «паймонкор» мавриди истифодаи умум қарор мегирад. Охир, забони гуфтору навиштори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёр тоза ва ноб мебошад, барои на танҳо мо, сохтмончиён, балки ҳамаи қишри ҷомеа фаҳмост. Он чун меъёр пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, дар мавриди мазкур низ бояд пайрави Пешво бошем.
Х. РАҶАБИЁН, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 3498
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед