logo

туризм

ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САЙЁҲӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД

Душанбеи муосир бо биноҳои хуштарҳу хосси миллӣ, кӯчаву хиёбонҳои сабзу хуррам, фазои орому осоишта, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи олӣ ба макони дӯстдошта ва писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мубаддал гардидааст.

Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ дар хиёбонҳои марказӣ, сохтмони чорроҳаҳои сесатҳа дар буриши ҳалқавии хиёбонҳои Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров  (маҳаллаи 82) ва И. Сомониву А. Сино (маҳаллаи Қаряиболо), ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки ба шарофати истиқлолияту ваҳдати миллӣ имконпазир гаштанд, барои пешрафти бахши сайёҳӣ мусоидати бештар хоҳанд кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аввалин маротиба бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангию сайёҳии «Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар он ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ ҳамчун симои (бренди) сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон даъват шуда буданд, муаррифӣ гашт. 
Илҳомиддин Сайфуллоев, мудири кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳии ДМТ, дар ин хусус иброз медорад, ки Наврӯз ҷашни бесобиқаи аҷдодӣ аст, ки тамоми суннатҳои мардумиро дар худ таҷассум мекунад. Дар рӯзҳои ҷашнгирии он бозиҳои варзишӣ, анъана ва хӯрокҳои миллӣ рӯнамоӣ мешаванд, ки метавонанд, омили муҳими ҷалби сайёҳон гарданд. Ин ҷо танҳо менеҷмент ва маблағгузории хуб лозим аст.
Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии «Панҷакент Интур», мегӯяд, ки дар бисёр мамлакатҳои дунё фестивалҳо ҳамчун бренди сайёҳӣ таблиғ шудаанд. Чунин идҳо дар Бразилия, Фаронса, Олмон таҷлил мешаванд, ки сайёҳон аз тамоми дунё танҳо барои дидани он мераванд. Дастгириҳои шаҳрдорӣ ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати манзур доштани Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳӣ иқдоми хуб мебошад. Дар оянда он метавонад ба механизми доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки чанде пеш дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пойтахти кишварамон  - Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиб шомил гардид. Дар ин бора сомонаи агентии таҳлилии “ТурСтат” - и Русия  хабар додааст. Ин иттилоъ дар шабакаҳои интернетӣ васеъ паҳн шудааст, ки ин ҳам яке аз омилҳои ҷалби бештари сайёҳон хоҳад буд. 
Душанберо бештар ҳамчун шаҳри сабз мешиносанд, зеро дар он боғҳои зиёди сарсабзу хуррам бунёд шудаанд. Боғи «Ирам» - и шаҳр бо зебоӣ ва намунаҳои беҳтарину нодиртарини рустаниҳо намои миллӣ ва яке аз объектҳои асосии сайёҳии шаҳр ба ҳисоб меравад. Боғҳо ва гулгаштҳои Устод Рӯдакӣ, Садриддин Айнӣ», «Пойтахт», «Дӯстии халқҳо», «Ғалаба», «Ҷавонон» барои сайру истироҳати сокинону меҳмонони шаҳр мувофиқ мебошанд.
Ҳамчунин, намои меъмории Душанбе пайваста мавриди таҷдид қарор дорад. Сол ба сол зиёд шудани биноҳои баландошёнаи муосир ва дорои тарҳи миллӣ, сабзкориву бунёдкорӣ ба шаҳрамон симои махсус бахшидаанд.
Вале бо вуҷуди заминаҳои мусоиди сайёҳӣ, гуфтан ба маврид аст, ки дар ин самт як қатор  камбудиву мушкилиҳо, аз қабили теъдоди маҳдуди хатсайрҳои байналмилалии ҳавопаймоӣ ба шаҳрҳои Аврупо (Фаронса, Италия, Испания, Шведсия...), норасоиҳо дар хизматрасонии баъзе бахшҳои соҳа (меҳмонхона, тарабхона, ошхона, қаҳвахона, марказҳои дилхушӣ), ба таври дилхоҳ маблағгузорӣ нашудани соҳа ва ғайра ҷой доранд.  Бинобар ин, ташкили босифати чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба интихоби дурусти касб, тайёр кардани мутахассисони ихтисосманди соҳа, васеъ намудани муносибати меҳмоннавозона, ҷалби сармоя, саҳмгузорӣ дар беҳтарсозии сифати хизматрасониҳо муҳим мебошанд.
Дар робита ба мавзӯи матраҳ, Илҳомиддин Сайфуллоев, пешниҳод медорад, ки пеш аз ҳама, барои ҷалби сайёҳон дар пойтахти кишвар мисли шаҳрҳои бостонии Хуҷанду Истаравшан ташкили гузари атторон, заргарон, чармгарон, кордсозон, кулолгарон, кандакорон, табақтарошон ва амсоли инҳо ба манфиати кор хоҳад буд.
Бо назардошти муҳимияти соҳаи сайёҳӣ дар пешрафти иқтисодиёти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  эълон доштанд. Вобаста ба ин, аз ҷониби Сарвари давлат нақшаи чорабиниҳои мукаммал ва рамзи сол тасдиқ гардид. Тибқи яке аз бандҳои нақша, андешидани тадбирҳо ҷиҳати ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфтани шаҳри Душанбе дар назар аст. Дар ин самт корҳои зарурӣ идома доранд ва умед аст, ки то охири сол пойтахти маҳбубамон ба узвияти ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, имкониятҳо барои рушди сайёҳӣ бештар мегарданд.
Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.07.2018    №: 139    Мутолиа карданд: 1071
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед