мулоқотҳо
Ҳисоботи телефонии раисон ба Сардори давлат
4 ноябр ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Данғара телефонӣ ҳисобот доданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои фаъолияти роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои мазкур оид ба иҷрои буҷети давлатӣ, нақшаи пардохтҳо ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини нафақа ва маош зоҳир карда шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи онҳоро ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, оғози киштукори тирамоҳӣ ва омодагӣ ба зимистон шунида, баҳри баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо дар ин ва дигар самтҳои афзалиятнок дастуру ҳидоятҳо дод.
Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба захира кардани маводи сӯхт барои зимистон, таъмини муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маводи зарурӣ ва сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ зоҳир карда шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1958