logo

номаҳо

ПАРЧАМИ МИЛЛАТРО БЕШТАР ДӮСТ БИДОРЕМ

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия водорам сохт, ки бори дигар хотираҳоро пеши рӯ биёрам ва ин сатрҳоро бинависам. Муҳаббати мухлисони кишварҳои гуногуни дунёро ба парчами давлатиашон бештар аз он дарёфтам, ки тасаввур мекардам.

Парчам, воқеан, нишонаи ҳастии миллат ва давлат мебошад. Ҳар саҳар чун аз хоб бармехезам, ба сӯи Парчами барафроштаи кишвари азизам менигарам. Менигараму  эътиқоду эътимодам қавӣ мегардад, ки сулҳу амният барқарор аст. Ва ҳам ифтихор менамоям, ки соҳиби давлату  миллату парчам ҳастем.
Курде дар назди Хонаи Худо, яъне дар Маккаи мукаррама, вақте таваҷҷуҳ ба парчамамон кард, аз ман пурсид: «Ин парчами кадом давлат аст ва чӣ қадар аҳолӣ доред?». Чун зимни посух номи Тоҷикистонро шуниду дарёфт, ки аҳолии мо 8 миллионро ташкил медиҳад, чашмонаш пуроб шуданд. Баъд гуфт: «Шумо миллати хушбахтед, ки давлат дореду парчам ва муттаҳиду сарҷамъ мебошед. Мо чил миллионем, аммо парокандаем, на давлат дорему на парчам. Солҳои сол ин орзуро дорем, балки талош менамоем, ки соҳиби давлату парчам бошем, аммо муваффақ намегардем».
Фикр мекунам, ки парчамамонро бояд бештар дӯст бидорем ва тухми ин муҳаббатро аз хурдсолӣ дар дилҳо бояд кишт. Тарғибу ташвиқи ин муҳаббату дӯстдорӣ ба як рӯзи муқарраршуда маҳдуд нагардад.
Дар хусуси муҳаббату эҳтироми парчам матолиби зиёде дар китобҳо ва матбуоти даврии ҷаҳон ба табъ расидаанд. Зарур аст, ки беҳтарин ва муҳимтарини онҳоро тарҷумаву таҳия карда, дастраси шаҳрвандон бигардонем. Омӯзгорон ба шогирдон аз хусуси Парчами давлатӣ, таърихи он маълумот бидиҳанд.
Дӯстдории парчам ба дӯстдории Ватан, миллат, иртибот мегирад ва ин яке бе он буда наметавонад.
Р. АБДУЛЛОЗОДА, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 3808
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед