маориф
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Як зумра одамон дар касбу кори хеш намунаи олии садоқатро аз худ нишон медиҳанд. Бо вуҷуди муаммоҳои оилавӣ, каму кости рӯзгор, маош ва мақому мартаба, муҳаббат ба касбро лаҳзае фаромӯш намекунанд. Гӯё онҳо барои кор ва кор барои онҳо офарида шуда бошад.
Қаҳрамони мо Ҳалима Усмонова низ қариб панҷоҳ сол аст, ки китобдорӣ мекунад. Дар мактабу муассисаҳои гуногун фаъолият бурда, ҳазорон хонандаи тоҷикро бо китобу китобхона қарин намудааст.
Вақте ногаҳон ба китобхонаи МТМУ № 10 - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ворид шудем, ӯро саргарми кор ёфтем. Китобхонаи мактабро чунон оро додааст, ки кас бояд онро бо чашмони худ бубинаду ба завқи баланди китобдорӣ аҳсант гӯяд. Ба қавли маъруф, «шунидан кай бувад монанди дидан».
Китобҳоро вобаста ба синну сол ва аҳамияташон тақсим карда, барои муаррифии муаллифон газетаҳои деворӣ таҳия карда, аксу ангораҳои вобаста ба асарҳои машҳурро кашида, охирину тозатарин нусхаҳои ҳафтаномаву маҷаллаҳоро дар як рада гузошта, рӯйхати китобхонони фаъолро баҳри ҳавасмандиашон тартиб дода, деворҳои ҳуҷраро бо гулҳои сохтаи худ оро додааст.
Ҳалима Усмонова аз соли 1972 инҷониб китобдор аст. Фарзандонаш дар касбу кори гуногун фаъолият дошта, модари азизашонро ҳамаҷиҳата таъмин кардаанд. Ду фарзанди дигараш дар шаҳри Сочии Русия қарор дошта, борҳо ӯро ба ин шаҳри бузург даъват кардаанд, аммо ӯ напазируфтааст. Сабабашро худи ӯ чунин шарҳ медиҳад: «Меҳр ба касбу китоб, чашмакони боумеди хонандагони мактаб, ҳиссу ҳаяҷон ва бардоштҳои рангоранги онҳо аз атроф, меҳру муҳаббати ниҳониву ошкорашон намегузоранд, ки ин даргоҳи илму маърифатро тарк намоям. Бе ҳузури онҳо ҳатто як рӯзи истироҳат ҳам парешон мешавам. Фикр мекунам, рӯҳи ман дар ҳамин муҳиту фазои озода пар мезанад».
Директори мактаб Мақсуда Муродова аз таҷрибаву малакаи касбии Ҳалимабону огоҳ аст ва намегузорад, ки чунин мутахассиси хуб аз мактаб дур шавад.
Ростӣ, имрӯзҳо баъзе касон на танҳо ба молу мулки ҷамъиятӣ, балки ба асбоби рӯзгори хеш низ муносибати боадолатона надоранд. Аммо Ҳалима Усмонова хурдтарин лавозимоти мактабӣ, бавижа китобҳоро чун зарфҳои нуқрагиву чинии қиматбаҳо эҳтиёт, гарди рӯяшонро тоза мекунад. Ман аз будани чунин инсонҳои покизаву босафо ифтихор мекунам, меҳрам ба зиндагиву одамон зиёд ва як бори дигар ин байти Мавлоно вирди забон мешавад:
Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри ӯро дар дилаш андохтанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.07.2018 №: 140 Мутолиа карданд: 1793