logo

туризм

САЙЁҲӢ. НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ЗАМИНАҲОИ ХУБИ РУШД ДОРАД

Мақсади асосии эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз як ҷиҳат ривоҷ додани соҳа бошад, аз тарафи дигар муаррифии бештари дастовардҳои фарҳангии пурғановат ва табиати зебову мафтункунандаи диёрамон ба шумор меравад. Имрӯзҳо маҳсули ҳунарҳои дастии халқамон ба шарофати сайёҳони хориҷӣ ба дигар кишварҳо низ бурда мешаванд. Дар ин росто ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тавонистааст, ки диққати сайёҳонро бештар ба дастовардҳояш ҷалб созад. Дар ин ҷо маконҳои таърихӣ, ба монанди Муассисаи давлатии қасри маданияти «Арбоб», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, Боғи миллии «Ваҳдат» дар Ҷамоати деҳоти Исмоил, Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳраки Ғафуров, зиёратгоҳи «Хоҷабоқирғон» дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ва маҷмаи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳраки Ғафуров мавҷуд мебошанд, ки барои қабули меҳмонон пурра омодаанд.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар қисмати ҷанубу ғарбии вилояти Суғд, байни қаторкӯҳҳои Қурама ва Туркистон, дар қисми ҷанубии водии Фарғонаи Ӯзбекистон то ба кӯҳҳои Тиёншон доман густурдааст. Ноҳияро аз тарафи шимол қаторкӯҳҳои Қурама бо баландии то 3769 метр ва аз самти ҷануб қаторкӯҳҳои Туркистон бо баландии то 5509 метр иҳота менамоянд, ки барои ҷалби сайёҳон хуб аст. Аз ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон низ ҳамсарҳад мебошад, ки ба ин восита метавон вуруди сайёҳонро ба ноҳия дучанд кард.
Дар китоби «Парвозгоҳи бузургон» оварда шудааст, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таърихи зиёда аз 3000 - сола ва мероси ғании фарҳангиро дорост. Аз ҷумла, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ зиёда аз се ҳазор сол пеш дар соҳили дарёи Сир ва сойи Хоҷабоқирғон мавзеъҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштанд, ки онҳо ҳамчун деҳаҳои Пули Чуқур, шаҳри куҳнаи Хуҷанд маъмул ва машҳур мебошанд. Дарёфтҳои бостоншиносӣ, танга ва асбоби ороишӣ, ки ба давраи тахтнишинии Искандари Мақдунӣ тааллуқ доранд, таърихи сеҳазорсолаи ноҳияро тасдиқ менамоянд. Айни замон, дарёфтҳои мазкур дар осорхонаи таърихии ноҳия маҳфузанд. Ин далели он аст, ки мавзеъҳои таърихиву бостонӣ дар ин минтақа аз солҳои басо куҳан мавҷуданд.
Яке аз бартариятҳои дигари ноҳия барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ин аст, ки номи академик Бобоҷон Ғафуровро гирифтааст. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (собиқ ноҳияи Хуҷанд) бо қарори Кумитаи иҷроияи марказии СССР соли 1926 таъсис ёфта, 30 июни соли 1999 бахшида ба 90 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ба номи аллома гузошта шуд. Маҳз ба хотири шиносоӣ бо осори гаронбаҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва дидани зодгоҳи устод сайёҳон аз тамоми манотиқ ба ин ҷо сафар мекунанд.
Феълан дар шаҳраки Ғафуров Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо сарварии профессор Ҳабибулло Холҷӯраев фаъолияти пурсамар дорад. Дар осорхона осори илмиву публитсистии устод Б. Ғафуров, дафтари корӣ, либоси расмӣ ва ашёи рӯзгор, ки ба академик тааллуқ доранд, гирдоварӣ ва ҳифз мешаванд. Ҳамзамон, китобҳои нодири ҳавзаи адабии ноҳия низ дар он маҳфузанд. Шафати осорхона бо гулу гулгаштҳо ороиш ёфтааст, ки ба тамошобин илҳом мебахшад ва ба ҳусни шаҳрак зебоӣ зам менамояд. Дар осорхона ҷамъомадҳои ҷашнӣ, намоиши китоб, вохӯрӣ бо олимон, шоиру нависандагон, арбобони илму фарҳанг доир мешаванд.
Қасри маданияти «Арбоб”- и ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев таърихи аҷиб дорад. «Арбоб» нусхаи Кохи Пётри I дар Санкт – Петербург мебошад, соли 1957 бо ташаббуси раиси колхоз, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев сохта шудаст, ки имрӯз он ба макони ҷалби сайёҳони дохилу хориҷӣ мубаддал гаштааст. Маҳз дар ҳамин қаср соли 1992 воқеаи таърихӣ барои халқи Тоҷикистон – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор гашт, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб гардиданд. Ин қасри зебо айни ҳол ҳамчун иншооти таърихӣ ва мавзеи тамошобобу сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Дар 5 моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 6 ҳазор сайёҳ аз ин макони зебову таърихӣ дидан кардааст, ки далели ин гуфтаҳост.
Дар ноҳия барои ҷалби бештари сайёҳон сохтмон ва таъмиру тармими зиёда аз сад иншооти истеҳсолӣ, маишӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва барқароркунии роҳу пулҳо ба роҳ монда шудаанд ва ободгариҳо ба ҳусни кӯчаву хиёбонҳои ноҳия зебоии дилнишине зам намудаанд.
Дар ноҳия наҳрчае ҷорист бо номи Хоҷабоқирғон. Дар канори чапи наҳр мазорест қадиму муқаддас ва ҳамном бо ҳамин рӯди кӯҳӣ. Таърихи бунёди мазорро соли 1195 муқаррар карданд. Аз қадамҷойҳои бузурги Осиёи Миёна ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, бо номҳои “Хоҷа Сулаймони Боқирғонӣ”, “Хоҷа Боқирғоншоҳ”, “Ҳокимота” низ шуҳратёр аст. Табиати атрофаш дилпазиру назаррабост. Бино ба ривоятҳо, Хоҷа Боқирғон эҷодгари чандин китобу рисолаҳост, ки то ба ҳол дар китобхонаҳои Туркияву Қазон маҳфузанд.
Аз соли 2009 ширкати сайёҳии «Суғдиён Помир Тур» дар ноҳия амал менамояд, ки бо 50 ширкати хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, асосан ба рушди саёҳати дохилӣ машғул аст. Тибқи иттилои муовини раиси ноҳия Мастура Комилова, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба ноҳия 21720 сайёҳ аз дохили кишвар ва ҳам аз хориҷи он ташриф овардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳо метавон гуфт, ки заминаи рушди босамари соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров устувор гузошта шудааст ва афзудани теъдоди сайёҳону меҳмонон ба манфиати иқтисоди миллии кишвар хоҳад буд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 1098
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед