logo

номаҳо

ТАҲИЯИ КОДЕКСИ БОНКӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

Баҳсҳои  печ дар печи бахши бонкдории кишвар, ки ба халалдор гардидани  рушди муътадили соҳа боис шудаанд, таҳияи санади ягонаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои бонкиро тақозо менамоянд. Як бахши баҳсҳои  доманадор ин аст, ки муштариён  баъд аз иштирок дар амалиёти бонкӣ маблағҳои худро пас гирифта наметавонанд ва кафолати бозгардони онҳоро низ ҳеҷ як ташкилот бар уҳдаи хеш намегирад.
Яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани ин вазъ зери танзими дурусти ҳуқуқӣ қарор нагирифтани додугирифти шаҳрвандон дар умури бонкист. Кодекси  соҳавӣ дар ин ҷода ягона ҳуҷҷати мукаммали танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ буда метавонад. Дар пайи пешрафти босуръати муносибатҳои бонкӣ дар ҷумҳурӣ  қонунгузории соҳа низ инкишоф ёфта истодааст. Дар мамлакат вобаста ба танзими фаъолияти бонкӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ”, “Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ”, “Дар бораи таърихи қарз”, “Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад”, “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, “Дар бораи барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ”, қабул шуда, амал менамоянд. Санадҳои  зерқонунӣ  низ дар бахши муносибатҳои бонкӣ хеле зиёданд. Аммо санадҳои номбурда ба ҳам омехта ва парешонанд. Дар ин ҳолат зарурати  кодификатсия намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва таҳияи  санади ягона ва мураттабгардидаи мукаммал дар шакли кодекс пеш омадааст.
Ҳолати муфлисшавии баъзе бонкҳои бонуфузи кишвар мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро боз ҳам шиддатнок намуда, боварии муштариёнро нисбат ба  бонкҳо коҳиш додааст. Аз ин рӯ, танзими ҳуқуқии баҳсҳои бонкӣ ва тартиби ҳалли онҳо дар қонунгузории бонкӣ бояд дар як шакли муайян  инъикоси дақиқи худро ёбад.
Ҳангоми  таъхири пардохти қарзи бонк аз  муштарӣ ба таври маҷбурӣ маблағ меситонанд ё  қарздор ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Вале, агар ташкилоти бонкию қарзӣ аз  муштарӣ қарз ё уҳдадорӣ дошта бошад, ин ҳол ба мушоҳида намерасад.  Нисбат ба бонк ҳеҷ ҷавобгарӣ муқаррар нагардидааст. Ҳамин тавр, масъала ҳалли худро намеёбад.  Дар ин маврид қабули кодекси бонкӣ имконият медиҳад, ки тартиби ҳалли баҳсҳо ба таври мушаххас ба роҳ монда шавад.
Ҳамчунин, инкишофи муносибатҳои бонкӣ, хусусан бо намояндагони хориҷӣ, ҳалли саривақтии ин масъаларо тақозо менамояд. Масалан, фаъолияти филиалу намояндагиҳои бонку ташкилотҳои қарзии хориҷӣ  дар мамлакат, иштироки шаҳрвандони хориҷӣ дар амалиёти бонкҳои ҷумҳурӣ ва баръакс – саҳми шаҳрвандони кишвар дар фаъолияти бонкҳои хориҷӣ, ҳамкории бонку ташкилотҳои қарзии ватанӣ бо муассисаҳои ҳамтои хориҷӣ танзими ҳуқуқии колизионии муносибатҳои бонкиро талаб доранд. Кодекси бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кодексҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ  як фасли алоҳидаи қонунгузории мамлакат хоҳад буд.
Баъзе аз коршиносони соҳа бар ин андешаанд, ки муносибатҳои бонкӣ дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  танзими худро ёфтаанд. Аммо танзимнамоӣ аз ҷониби санади мазкур  қисман сурат гирифта, на ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти бонкиро фаро гирифтааст.
Фаридун БОБОХОНОВ,
донишҷӯи  факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 3902
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед