logo

ҳуқуқ

МАЪРАКАИ МИЛЛӢ ОИД БА ФАРОГИРИИ МАСОИЛИ МАЪЮБИЯТ ОҒОЗ ГАРДИД

Масъалаи таъмини ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, алалхусус кӯдакон зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин раванд Ҳукумати мамлакат мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ, инчунин, уҳдадориҳои дар доираи қарордодҳои байналмилалӣ қабулгардида беҳзистии шахсони дорои маъюбиятро таъмин намуда, тадбирҳои зиёдро амалӣ карда истодааст.

Ин суханҳое буданд, ки дар маросими расмии оғози Маъракаи миллӣ оид ба фарогирии масоили маъюбият садо доданд. Ин маъракаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ва шарикон аз ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯзи 16 июл зимни як ҳамоиш дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсии пойтахт оғоз бахшиданд. Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият мебошад. Чорабинӣ таҳти шиори «Ҳар яки мо – тавоно!» ҷараён гирифта, зимнан таъкид гардид, ки ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистон барои субот, муттаҳидӣ ва инкишоф саҳми арзандаи худро гузошта метавонад.
Қобили зикр аст, ки 22 марти соли ҷорӣ дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» Президенти мамлакат дар бинои СММ, воқеъ дар шаҳри Ню - Йорки ИМА зери Конвенсия оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд. Ҳарчанд конвенсияи мазкур дар ибтидои соли ҷорӣ ба имзо расида бошад ҳам, вале қабл аз он чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба манфиати шахсони дорои маъюбият равона шудаанд.
Маҳз дар доираи ҳамин сиёсат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти рақами 455 «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 - 2020» қабул гардида, вазорату идораҳо, кумитаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳо ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои барнома муваззаф шудаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода гуфт, ки шахсони маъюбиятдошта аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳо ба ҳаёти мукаммал ҳуқуқ доранд ва бояд шаъну эътиборашон таъмин гардида, ба ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона шомил шаванд. Зимнан, ба таъмини шароити баробар барои кӯдакони маъюбиятдошта (дастгирии иҷтимоӣ, тавонбахшии онҳо, дахолати барвақтӣ ва пешгирии маъюбият) афзалият дода мешавад.
Маъракаи мазкур ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон равона шудааст. Ин маъракаи нахустини шашмоҳа дар доираи «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 - 2020» мебошад, ки баҳри бунёди ҷомеаи фарогири иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Интизор меравад, ки аз рӯйи натиҷаи маъракаи оғозшуда ва марҳилаҳои минбаъдаи он дониши мардум оид ба маъюбият беҳтар гардида, тасаввуроти ғалат ислоҳ мешавад. Дар зеҳни аъзои ҷомеа – кӯдакон, ҷавонон ва калонсолон нисбати шахсони дорои маъюбият муносибати мусбат ташаккул меёбад. Ҷомеа барои бештар гардидани боварии кӯдакони маъюб ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо баҳри рушди минбаъда мусоидат мекунад. Қобилияти волидайни кӯдакони дорои маъюбият бештар шуда, онҳо саъй меварзанд, ки фарзандони худро берун аз муассисаҳои интернатӣ беҳтару хубтар нигоҳубин кунанд.
Ш. ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 1172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед