logo

туризм

ХАТЛОН МИНТАҚАИ ХУБИ САЙЁҲӢ

Вилояти Хатлон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон  ҷойгир аст, дар самти сайёҳӣ имкониятҳои бузург дорад.  
Бо далели он, ки дар вилоят 582 ёдгории таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст, метавонад ҳамчун макони хуби сайёҳии фарҳангию таърихӣ хидмат кунад. Нигораҳои бозёфтшуда аз ин макон, ки ба асрҳои III - I пеш аз милод тааллуқ доранд, баёнгари онанд, ки ин минтақаи Тоҷикистон дорои таърихи куҳан мебошад. 
Ёдгории дайри буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), ки мансуб ба асрҳои VI - VII мелодист, кайҳост, ки диққати сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Хусусан, баъди он, ки соли 1966 аз  ин макон бостоншиносон пайкараи Буддоро дар ҳолати нирвана пайдо намуданд, он ба яке аз маконҳои маъруфи таърихӣ табдил ёфт. Албатта, онҳо аз ин макон як силсила муҷассамаҳои дигар низ пайдо карданд, аммо миёни онҳо Буддо дар ҳолати нирвана бо бузургиву шаҳомати худ фарқ мекунад.
Буддо 12 метру 92 сантиметр дарозӣ дорад. Баландиаш 2, 5 метр аст. Онро баъди таъмири  пурра соли 2001 дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузоштанд. Бостоншиносон муайян намуданд, ки он 13 аср пеш сохта шудааст. Баъди вайрон намудани Буддои 16 - метра дар Афғонистон, Буддо дар ҳолати нирвана бо бузургии худ дар фарҳанги буддоии ҷаҳон мавқеи намоёнеро соҳиб шудааст. Ин ҷой ҳоло барои мардуми Аврупо макони  дӯстдоштаи сайёҳӣ гардидааст.
Ёдгории Тахти Сангин (асри 4 пеш аз милод), ки замони Искандари Мақдунӣ бино шуда, қисми таркибии калонтарин бозёфти асри ХХ - Ганҷинаи Амударё мебошад, қалъаи Ҳулбук, ки дар асри IХ - Х пойтахти Хатлон ба шумор мерафт, бошишгоҳҳои одамони асри санг - замони ҷамоаи ибтидоии Кӯлдара (миллионсола), хонақоҳи Севодара аз мавзеъҳои дигари сайёҳии вилояти Хатлон ба шумор мераванд.
Дар вилоят мавзеъҳои нодири муолиҷавӣ низ кам нестанд. Масалан, Чилучорчашма. Тибқи маълумот оби чашма шифобахш буда, ба бемориҳои дилу ҷигар, чашму гӯш, устухондард ва чандин дардҳои дигар даво мебошад.  Ин чашмаи шифобахш дар тамоми Осиёи Марказӣ маълуму машҳур аст.
Оби шифобахши чашмаҳои Зардпарвин, Замбурак, Хилватӣ ва Гармоба, ки дар ноҳияи Ховалинг ҷойгиранд, аз ҷумлаи мавзеъҳои дигареанд, ки ҷиҳати рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши созгор гузошта метавонанд.
Чилдухтарон, қаторкӯҳе, ки дар қисмати шимолии ноҳияи Муъминобод ҷойгиранд ва дар назар муҷассамаи олиҳаҳои зеборо мемонанд, беҳтарин макон барои сайёҳии кӯҳнавардӣ ва экологӣ эътироф шудааст.
Ноҳияи Балҷувон бо табиати нотакрораш мавзеи зеботарини кишварамон маҳсуб меёбад. Обу ҳавои мусаффои Сари Хосор, хусусан  шаршараи Сафедоб, ки аз тамошояш кас ҳаловати хосса мегирад, маълуму машҳуранд.
Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ноҳияи Шаҳритуз (асрҳои IХ - Х), ёдгории таърихӣ ва меъмории  мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Имом Зайнуллобуддин, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг аз беҳтарин мавзеъҳоянд барои сайёҳӣ.
Хатлон макони фарҳангу ҳунар аст. Ба шарофати мардуми минтақа то ба имрӯз ҳунарҳои зиёди аҷдодиамон, ки аслан барои сайёҳон хеле ҷолиб мебошанд, рушд карда истодаанд. Чакан  бо нақшу нигор ва рангорангиаш кайҳост, ки диққати ҷаҳониёнро ҷалб намудааст. Умуман,  вилояти Хатлон макони хубест барои сайёҳии фарҳангию таърихӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, илмӣ, варзишӣ, маърифатӣ, истироҳативу муолиҷавӣ. Ҷиҳати рафтуомади сайёҳон дар минтақа шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Дар ин ҷо ду фурудгоҳи байналмилалӣ, яке дар шаҳри Бохтар - маркази вилоят, дигаре дар шаҳри Кӯлоб мавҷуд аст, ки ба ташрифи сайёҳон мусоидат менамоянд.
Дар ҳудуди вилоят ҳоло 5 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла «Сари Хосор», «Морхӯр», «Ориёӣ» «Пули сангин», «Сайёҳ асри ХХI» дар ноҳияҳои Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳрҳои Кӯлобу Нораку Бохтар фаъолият доранд, ки метавонанд ба сайёҳон дар сатҳи баланд хидмат расонанд.
Чанде пеш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 14 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардид. Ҳоло мақомот дар ҳамкорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ барои ҷалби  бештари сайёҳон тибқи ин хатсайрҳо тадбирҳоро амалӣ менамоянд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.07.2018    №: 141    Мутолиа карданд: 1359
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед