logo

туризм

АФСОНАИ "БЕШАИ ПАЛАНГОН"

Ҳангоме сапедадам пардаи ҳарири нилиашро густурдаю офтоби ҷаҳонтоб шонаи нурҳояшро чун мӯйҳои зарҳалини духтари қадрас ба домони беша, болои обҳои алмосии Аллакӯл, Дарёкӯл, Пионер, Дедов, бағали кӯҳҳои Хоҷақозиёну Бӯритов, анбуҳи қамишзори соҳилҳо  парешон менамояд, ҳине ки шоху баргҳои намолудаи дарахтони туранга, сафедор, ангат, ҷалғӯза, санҷид, бед аз пардаи хуршед медурахшанд, даме ки гурӯҳ-гурӯҳ гавазну оҳувон, тазарву кабкон чашмони олугӣ аз хоб кушода, пайи ризқу рӯзӣ ба ҳаракат медароянд, лаҳзае ки ҳалқа-ҳалқа парандагон даруни қамишзори соҳилҳо ба хониш меоғозанд, вақте ки села-села моҳиёни даруни кӯлҳо бо думи худ чапу рост белзанон синаи обро дарида, шино мекунанд, афсонаи ширину зебо тавлид меёбад.

Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» зодбуми афсонаҳои табиат, қиссаву ривоёти олами хазандаю чаранда, паранда, набототу ҳайвонот мебошад. Ин ҷо парвози афсона, маскани рӯъёҳо, манозири воқеию маҷозии тасхиркунанда аст. Фаслҳои баҳору тобистон дар як вақт, пеш аз ҳама дар ин макон меҳмон мешаванд. Агар дар як гӯшаи он баҳор қолини махмалин густурда бошад, дар гӯшаи дигараш тобистон назаррабоӣ дорад. Ана, барои чӣ мегӯянд, ки дар олами афсона чархидан хоҳӣ, ба «Бешаи палангон» биё, ба муъҷизоту ҳодисот пайвастан хоҳӣ, ба «Бешаи палангон» биё, худро дар сайёраи ғайр дидан хоҳӣ, ба «Бешаи палангон» биё. Ин ҷо афсонаи табиат пар мекашад, воқеият маҷозӣ мегардад, олами моддӣ дар бистари олами хаёлӣ мепечад.
Туро афсонаи зебои «Бешаи палангон» интизор аст, биёву аз нашъунамои 604 навъи дарахту рустаниҳо, амсоли 322 намуд рустаниҳои хӯроки чорво, 44 намуд рустаниҳои дармонӣ, 49 намуд рустаниҳои техникӣ ва амсоли инҳо ҳаловат бубар. Бо чашмони тезбину нозуксанҷ хоҳӣ дид, ки чи тавр атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарёро санҷид, бед, ангат, сафедор,  биёбонро ҷулғун, загоза, саксавул, тӯқайзорҳоро шутурхор, най, найшакар, лух, эриантус, ҳудуди мамнӯъгоҳро лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ фаро гирифтааст. Аз ёд наравад, ки навъи дарахти турангаи қадимӣ, ки умрашро олимони соҳа беш аз як миллион сол муқаррар кардаанд, фақат дар ин ҷо аслашро нигоҳ доштаасту халос. Калонтарин турангазори олам (23 ҳазор гектар) маҳз дар ҳамин ҷо доман густурдааст.
Дар баҳорон, ҳине ки дарахтон аз раҳмати борони найсон сару тан шуста, ҳусну тароват меёбанд ва ё болои кӯлҳо аз қатраборонҳо  селаи ҳубобчаҳо дамида, манзараи диданӣ шакл мегирад, дар тобистон бо паҳноии шохҳои хамгашта пуршукӯҳ мешаванд, дар тирамоҳ бо қабои заррин чеҳраи ғарқи тафаккури пири хирадро мегиранд, дар зимистон чун наварӯсон пироҳани сафеди барфин ба тан мепӯшанд, хаёлатон шумо дар боғи Ирам меҳмонед.
Нигаристан ба оби нуқрафоми кӯлҳо ва тамошои моҳиёни дар шино қалби инсонро бедор мекунад, ба хурӯш меорад. Дар ин мавзеъ 16 намуди моҳиён мавҷуданд.
Экосистемаи мамнӯъгоҳ барои муқимӣ гаштани парандагони кӯчӣ хеле мусоид мебошад. Айни ҳол дар манотиқи мазкур 214 намуди онҳо фориғ аз ҳама хатарҳои экологию ҷонӣ ҷойи зисти хуб доранд. Ҳине фасли зимистон фаро мерасад, парандагон аз иқлими сарди Чин, Қазоқистон, Сибири Шарқӣ ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ба ин иқлими гарм кӯч баста, лона бунёд карда, мавсими қаҳратунро паси сар мекунанд. Дар ҳар мавсим 10-15 ҳазор паранда гирд меоянд. Тазарв, кабку дӯғдоғ зебоии инҷост. Парвози парандагон, гирдиҳамойӣ, хониш, шину хези онҳо андаруни қамишзор ҳар бинандаро мафтун карда, гӯиё пеши чашмонаш аз осмон ҷаҳони зебоӣ фуруд омада.
Бисёр ҷонварони мамнӯъгоҳ ҳамчун ҳайвони нодир амсоли гавазн, тазарв, шағол, гурбаи ёбоӣ, эчкамар, сайгак, уқобҳо, мурғобиҳои мавсимӣ ба Китоби сурхи Тоҷикистон шомил гардидаанд. Аз ин лиҳоз, дар ҳифзу нигоҳдории онҳо кормандон масъулияти дучандро ба дӯш доранд.
Таваҷҷуҳи сайёҳон ва расонаҳои хабарӣ ба Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» хеле зиёд аст. Чунончи, онҳо мамнӯъгоҳро аз нигоҳи нодирӣ дар пояи паркҳои давлатҳои Кения, Танзания, Судон ва Уругвай донистаанд. Ҳамчунин, ҳифзу беҳсозии ин макони нодир ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Хусусан, ба тасвиб расидани Фармони Президенти кишвар  аз 14 августи соли 1998 таҳти № 1037 «Оид ба беҳтар намудани фаъолияти Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон», қабули «Барномаи давлатии экологӣ барои солҳои 2009-2019» ба ҳифзу беҳсозии мавзеъ заминаи мусоиде гардид. Илова бар ин,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО дархост пешниҳод шудааст, ки ба Мамнӯъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» мақоми биосферӣ дода шавад.
Ҳар сайёҳи ба ин ҷо ташрифоварда шефтаю шайдои табиати дилпазири беша мегардад. Ба сеҳрофаринии табиати мунаққаши мамнӯъгоҳ дида дӯхта, гумонатон шоҳи табиат маҳз дар ҳамин мавзеъ қолин густурда, ба сарсабзии олам фармонфармоӣ дорад. Гӯё шукӯҳу шаҳомат, рангомезиҳо ва фусункориҳои табиати гардун нахуст аз ин макон ибтидо мегирад. Хишир-хишири қамишзори аз шамоли сабук ҳамеша алвонҷ хӯрдаистода, садои шибир - шибири рӯҳнавози навдаҳою баргҳои дарахтон, «маҷлис» - оройии олами парандагон, уллоси ҷонварони ваҳшӣ, ҳаракати хомӯшонаи хазандаҳо, сукути роздори кӯлҳо ва дар зери шуоъҳои хуршед дурахшидани ранги оби кӯлҳо, биёбони хуфта, пардаи нуқрафоми самои бекарон, хурӯши рӯдҳои Вахшу Панҷ дидаи биноро пурнур, хонаи қалбро мунаввар мегардонад, шавқро ба парвоз меорад, мехоҳед аз сари нав таваллуд ёфта, ин макони афсонавиро  як умр қароргоҳи тамошои худ гардонед. Ҳар кӣ бори аввал ба ин ҷо қадам мениҳад, хаёлаш чунин бойигарии табиӣ, чунин зебоии нотакрор ва чунин мавзеи хушобу ҳаворо дар дигар кишварҳои олам кам дучор омадан мумкин, мисле ки он яке аз муъҷизаҳои олам бошад.
Дар мамнӯъгоҳ ҳамаи унсурҳои табиат, шурӯъ аз ҷонзот то кӯҳҳо, ҷангалу биёбонҳо, кӯлҳо, дарё дида мешавад, ки чунин сарвату дороиро дар дигар ҷойҳо дидан ғайриимкон аст.
Саидаҳмади ҲАСАН,
ноҳияи Дӯстӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 1286
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед