logo

ҳуқуқ

ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯ. РОБИТАИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам робитаи зич барқарор кардан бо ҷомеа ва милитсия, 17 июли соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, дар доираи ислоҳоти милитсия маросими ифтитоҳи пайваст гардидани низоми алоқаи видеоконференсия бо раёсатҳои ВКД дар шаҳру вилоятҳо баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазир, Кевин Коверт, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Никола Фердинанд, роҳбари ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” (Saferworld), Хирад Каргасов ва Зоҳир Асаншоев, намояндагони ташкилоти мазкур, Ҷаҳонгир Анваров, роҳбари ширкати “Сарфароз”, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ҷамъиятии милитсия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Видеоконференсия тариқи реҷаи мустақим (онлайн) барпо гардид, ки ҳайати шахсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар толори раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт, РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД бевосита рафти чорабиниро тамошо карданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки низоми алоқаи видеоконференсия бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” ва ширкати “Сарфароз” дар доираи ислоҳоти милитсия таъсис ёфта, робитаи милитсияро бо аҳли ҷомеа боз ҳам қавитар мегардонад.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
Диловар РАУФОВ,
аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.07.2018    №: 143    Мутолиа карданд: 1345
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед