logo

маориф

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. АВЛАВИЯТ БА МАОРИФ

Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дорад. Маорифчиёни ноҳияи Темурмалик низ аз раванди умумии таълиму тарбия қафо намонда, толибилмонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намуда истодаанд.
Тавре мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шамсулло Сатторов иттилоъ дод, айни ҳол дар ноҳияи Темурмалик 51 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки аз онҳо 37 – тоаш муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ,  5 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 2 интернат барои ятимон ва бепарасторон, 1 гимназия ва 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ дар ноҳия 5 муассисаи таълимӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин давра барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 155 500 сомонӣ ҷудо гардид.
Толибилмони ноҳия дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамин аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соли 2018 сазовори 18 медал гардиданд. Аз ин 2 медали тиллоро дар сатҳи ҷумҳурӣ соҳиб шуданд.
Имсол аз шумораи 1042 хатмкунанда 865 нафар ҳуҷҷатҳояшонро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.
Масъалаи компютеркунонӣ низ дар муассисаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол теъдоди онҳо 589 ададро ташкил медиҳад, ки ба ҳар 12 хонанда 1 компютер рост меояд.
Айни замон 121 нафар хатмкардагони ноҳия тибқи Квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои мамлакат таҳсил менамоянд. Соли ҷорӣ 18 хатмкардаи мактабҳои ноҳия соҳиби квота гардид, ки аз он 9 духтару 9 писар мебошад, - гуфт Ш. Сатторов.

И. РАҶАБАЛӢ,
Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.07.2018    №: 144    Мутолиа карданд: 1819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед