logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. САНАДЕ, КИ БА ЗОҲИРПАРАСТӢ ХАТИ БАТЛОН КАШИД

Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои динӣ ва он маросимҳои ба таври сунъӣ эҷодкардаи мардумиро ба танзим даровард, анъанаву маросим ва ҷашнҳои миллиро мушаххас намуд, муҳимтар аз ҳама пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории маросимҳои динию хусусияти миллидошта роҳ кушод.

Солҳои 60 - 80 - уми асри гузашта дар манотиқи саргаҳи Зарафшон, бахусус ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ хатнатӯйи кӯдакони мардуми ба қавле доранда бе бузкашӣ намегузашт ва он ба авҷи аълояш расида буд. Аслан ин маросим қабл аз замони шӯравӣ тарвиҷ ёфта, ба мерос мондааст, ки то ҳол нишонаҳои он бо либоси дигар ба назар мерасад. Дар ҳама давру замон ин тоифа фахр мекарданд ва дигарҳоро таъна мезаданд, ки падаронашон онҳоро тӯйи “хабар” кардаанд. Одатан дар тӯйи “хабар” намояндагони мардуми деҳаҳои гирду атроф, бахусус аспдорон ва бузкашони номӣ иштирок мекарданд. Бузкашӣ ду рӯз идома меёфт. Онҳоро ба мардуми деҳа «қӯш» медоданд, яъне тақсим мекарданд. Соҳибтӯй ба қӯшдорон мувофиқ ба шумораи меҳмонон  фақат гӯшт медод. Боқӣ меҳмондорӣ - оростани дастархон, омода намудани шӯрбову палову дигар таомҳо ва хӯрондани аспҳо бар дӯши мардум буд. Дар ин гуна тӯй то бист ва аз он ҳам зиёд гӯсфандҳои чорӣ забҳ мекарданд. Дар ҳолати кам ва ё нарасидани гӯшт соҳибхона маҷбур буд, ки буз ё гӯфанди худро кушта ба меҳмонон таом пазад. Ба ғайр аз ин, боз дар бузкашӣ гӯсфанд, гов, асп ё маблағи пулии муайянеро ба соҳибтӯй медоданд. Чунин «солим» - гузорӣ, яъне, ҳадияҳои гаронарзиш аз ҷониби меҳмонон ба соҳибтӯй, низ пешниҳод мегардид. Ин мусобиқае буд, ки бад - ин минвол дорандагон мардуми авомро ба додани пулу мол бо баҳонаи «номуси диёрдорӣ» ё «ном баровардан» тарғибу таҳрик мекарданд. Гап сари он, ки барандаи тӯй бо овози баланд онҳоеро, ки солим гузоштаанд, пайи ҳам эълон мекард. Агар як қисми солимҳо насиби бузкашон гардад, қисми бештараш ба соҳибтӯй мемонд, ки дар натиҷа на танҳо хароҷоташро мепӯшонд, балки фоидаи зиёд мегирифт. Аз ин ҷост, ки ин тоифа одамон мекӯшиданд, хатнаи фарзандонашонро бодабдаба гузаронанду аз ин ҳисоб фоида ба даст оранд. Хушбахтона, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин ҳама маросими риёкоронаву зоҳирпарастона хати батлон кашид.
Ба гуфтаи Абдуҷалил Қозиев, раиси Ҷамоати деҳоти Иван Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, то татбиқи қонун мардуми кӯҳистон як умр барои гузарондани маъракаҳои серхароҷот кор мекарданд ва ҳолатҳое буд, ки баъзеҳо қарздор шуда, аз ноилоҷӣ манзили истиқоматиро мефурӯхтанд. Маъракаи хатна ё хонадорсозии фарзанд 7 рӯз бо номҳои Фотеҳагирон, Ҳезумбиёрон, Хатмбахшон, Ордтакон, Оби яккас (аз ҳар хоҷагӣ як нафар иштирок мекард), Ҳалвои калон (ҳама иштирок мекарданд ва лаълии қанду ғӯлинг, мағзу мавиз ва нону чапотӣ ба ҳар се нафар тақсим карда мешуд), Оши калон (дар ин рӯз маъракаи бузкашӣ барпо мегардид) давом мекард. Дар ҳамаи маъракаҳо ба мардум оши палов медоданд ва чандин чорво забҳ мешуд.
- Аз баракати татбиқи қонуни мазкур сатҳи иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар баланд шуд ва дар беҳтару хубтар гаштани зиндагӣ ва таваҷҷуҳи волидон ба таълиму тарбияи фарзандон тағйироти назаррас ба амал омад. Имрӯз дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ оилае нест, ки хонаи нав напӯшида ва ё автомобил надошта бошад, - мегӯяд Абдуҷалил Қозиев.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 1003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед