logo

ҳуқуқ

САРҲАДИ ДАВЛАТӢ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо мақомоти қудратӣ 39 амалиёти махсус гузаронда шудааст.

Дар ин муддат бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, дар натиҷа 7 нафар қочоқчӣ нобуд ва 21 нафари дигар дастгир гардиданд. Инчунин, 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ шудааст.
Ҳамзамон, 66 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 42 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 92 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ ва 87 нафар вайронкунандаи низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.
Дар ин шашмоҳа аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла ҳероин, афюн, ҳашиш, бангдона (канабис) ва маводҳои мадҳушкунанда мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд. Дар натиҷаи ин амалиётҳо 14 адад яроқи оташфишон, 443 дона тири қутраш гуногун, 3 адад маводи тарканда ва 25 лавозимоти ҷангӣ ёфт ва мусодира шуд.
Баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои наздисарҳадӣ, риояи низоми сарҳадӣ ва тасдиқ намудани нақшаҳои дуҷониба ҷиҳати ҳодисаҳои дар хати сарҳад ба вуқӯъ пайваста, 95 вохӯрӣ бо намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронда шуданд.
Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 2 342 404 нафар шаҳрванд, 117 261 адад воситаҳои нақлиёт, тайёраҳо ва қатораҳо гузаронда шуд. Ҳамчунин, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 358 нафар барои убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуд.
Аз қочоқчиён молҳои ниёзи мардум, ки маводи хӯрокворӣ, ашё ва масолеҳи сохтмонии пастсифатро ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекарданд, 7500 литр сӯзишвории дизелӣ, 2300 литр бензин, 68300 тонна  ангиштсанг, 71850 тонна семент, пиёз, меваи хушк, картошка, ҳасибҳои гуногун, маҳсулоти ширӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, орд ва ғайра дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ 63 760 сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.

Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 900
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед