logo

президент

МАШВАРАТИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

24 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва фаъолони пойтахт машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат бо натиҷагирӣ аз рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои олии созандагию бунёдкории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим бояд аз пештара бештар тақвият дода шаванд.
Оид ба тадбирҳои ободонию созандагӣ ва рафти омодагиҳои пойтахти мамлакат ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат - роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодасозии пойтахти ҷумҳурӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Азим Иброҳим ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба ободу зебо гардондани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тозаистиқлол тадбирҳои заруриро амалӣ гардонда, барои ба марҳалаҳои нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ расондани пойтахт заминаҳои созгор фароҳам овардааст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои ободонию созандагиро дар пойтахти мамлакат давоми наздик ба ду соли охир қаноатбахш арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки новобаста ба ин натиҷаҳо бояд тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе то рӯзҳои Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат дода шаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кори муназзами иншооти энергетикӣ, хусусан таъмини пайвастаи аҳолии шаҳри Душанбе бо барқу гармӣ, рушди бемайлони соҳаҳои саноат, маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, беҳдошти ҳолати иншооти роҳу нақлиёт, обрасонӣ, хизматрасонии коммуналӣ, бозорҳо ва савдо, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, бунёди бештари иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишию солимгардонӣ ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигар шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик бояд ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар масъулони дахлдор дастур доданд, ки барои ислоҳот ва навсозии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардондани вазъи муассисаҳои тандурус-тии пойтахт, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва хизматрасонии тиббӣ, беҳдошти вазъи санитариву эпидемиологӣ ва дар маҷмӯъ таъмини зиндагии шоистаи сокинони пойтахт ва ба шаҳри пешрафтаву муосир табдил додани он тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Дастуру супоришҳои дигар, ҳамчунин, барои баланд бардоштани маданияти шаҳрнишинии сокинони пойтахт, нигоҳдории муҳити зист ва таъмини зебоиву тозагии хонаҳои баландош-ёнаи истиқоматӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ҷиноятҳои бо экстремизм ва терроризм алоқаманд, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳолатҳо дода шуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бояд ҳамкориро бо сохтору мақомот ва соҳибкорони хориҷӣ доир ба таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ тақвият бахшида, фаъолияти худро барои ҷалби ҳар чи бештари сармояи мустақими хориҷӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ҷоннок намояд.
Дар ин робита аз соҳибкорони бонангу номуси шаҳр даъват ба амал оварда шуд, ки дар самти муосиргардонии шаҳри Душанбе ва омодасозии пойтахти мамлакат ба чорабиниҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ва Ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ фаъол бошанд ва саҳми арзандаи худро дар ободии пойтахти давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.
Аз роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба таҳия ва татбиқи нақшаи бунёдкориву ободонӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти дигари давлатӣ талаб карда шуд, ки иҷрои босифати корҳоро таъмин намуда, ҷиҳати ноил гардидан ба мақсадҳои олии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки мардуми сарбаланду ватандӯсти шаҳри Душанбе, алалхусус хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, аҳли зиё ва ҳар як фарди бонангу номуси сарзамини аҷдодӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 146    Мутолиа карданд: 13164
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед