logo

номаҳо

АШЪОРИ САЙИДО НИЁЗ БА ТАҲҚИҚИ БЕШТАР ДОРАД

Миробид Сайидои Насафӣ, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 400 - солагияш таҷлил мегардад, бо эҷоди пурарзиши худ дар адабиёт аз мақоми хосса бархӯрдор мебошад. Бо гузашти чандин садсола ин шоири маъруф маҳбубияти худро ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст. Аксар тазкиранависон ва адибон ӯро аз дурахшонтарин ситораҳои осмони шеър дар асри XVII донистаанд.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» се мухаммас ва се ғазали ӯро оварда, дар хусуси эҷоди ин адиби забардаст маълумоти кӯтоҳ додааст.
Соли  1940 Х. Мирзозода  ва           Г. Птитсин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо нашри мақолае ба хонандагон маълумот додаанд.
Соли 1944 академик Абдулғанӣ Мирзоев «Девони мунтахаб» - и шоирро омодаи чоп ва нашр намуд. Пас аз се соли он таҳқиқоти пурарзиши худро бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» - ро дастраси хонандагон гардонид. Бояд зикр кард, ки дар пояи ин асари пурарзиш то ба имрӯз дигар асаре таълиф нашуд.
Нашриёти «Ирфон» соли 1977 «Асарҳои мунтахаб» - и Сайидои Насафиро нашр кард.
Мавриди таъкид аст, ки ба камтар аз шоирони Мовароуннаҳр даст дода, то мисли ӯ дар ғазал, мухаммас ва маснавӣ навҷӯиҳо карда бошад. Махсусан, мисли «Баҳориёт» ва дар пояи он ҳеҷ адибе асаре таълиф нанамудааст.
Бо истифодаи ин фурсати муносиб, яъне таҷлили 400 - солагии Сайидои Насафӣ бояд эҷоди ӯ аз нав нашр ва дастраси хонандагон, хосса омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии ҷумҳурӣ гардад. Нашри таҳқиқотҳо, махсусан асари пажӯҳишии академик Абдулғанӣ Мирзоев низ ногузир мебошад.
Ба ашъори ин шоири тавонои тоҷик бисёр аз овозхонони шинохтаи кишвар, аз қабили Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назрӣ, Маҳкам Зубайдуллоев оҳанг баста, суруд хондаанд. Бисёр хуб мебуд, агар ҳамаи  онҳо ҷамъовариву дастраси ҳаводорон мешуд.
Омӯзиш ва пажӯҳиши ашъори ноби ин адиби забардаст, бояд барои ҳеҷ давре қатъ нагардад, балки идома ёбад, то ба асрори маонӣ ва рамзҳову ишораҳои ӯ бештару беҳтар роҳ бибаранд.

С. БУРҲОНОВА, 
ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2018    №: 147    Мутолиа карданд: 1277
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед