logo

маориф

ТОҶИКИСТОН: 201 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд, хонандагони Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз дар 14 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Русия, Малайзия, Булғористон, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуданд, сазовори 201 медал (47 тилло, 71 нуқра ва 83 биринҷӣ) гардиданд.

Бахусус, дастовардҳои толибилмони навраси тоҷик дар олимпиадаҳое, ки дар шаҳри Кедахи Малайзия (моҳи апрел) ва пойтахти Федератсияи Русия - Москва (2 - 3 июн) доир шуданд, шоистаи таҳсинанд. Аз 7 Олимпиадаи байналмилалии наврасони ихтироъкор - «Malaysian International Inventors Olympiad» хонандагони Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳри Душанбе, Литсей барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хуҷанд ва Мактаби байналмилалии президентӣ ба Ватан бо 13 медали тилло, 13 нуқра ва 8 биринҷӣ баргаштанд. Ба ҷуз ин, хонандагони Литсей - интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқат соҳиби мукофоти махсуси ҳайати доварони олимпиада шуданд.
Дар Олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнии шаҳри Москва бошад, тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» - и шаҳри Хуҷанд байни ҳамсолони худ аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон маҳорату дониши воло нишон дода, дар ҷамъбасти даставӣ бо гирифтани 5 ҷом ва 16 медали тилло сазовори мақоми аввал гардиданд. Боиси зикр аст, ки дар ин олимпиада хонандаи синфи 8 - и Литсейи № 1 - и ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Ғайрат Усмонов дар зарфи 25 дақиқа 210 мисолро ҳал намуда, соҳиби унвони «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» гардид.
Ҳамин тариқ, ин комёбиҳои  беназири толибилмони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ самараи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи он аст, ки солҳои оянда низ насли наврас дар ин ҷода ба муваффақиятҳои аз ин ҳам бештар ноил гардида дар рушду нумӯи Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегиранд.

Б. КАРИМ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.07.2018    №: 148    Мутолиа карданд: 2586
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед