logo

маориф

ХОВАЛИНГ. ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ИДОМА ДОРАД

Барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон дар мавсими истироҳатии соли 2018 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг якҷо бо шуъбаи маориф ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонӣ ва истироҳат дар лагерҳои фароғатӣ фароҳам оварда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки фароғати онҳо дар сатҳи баланд гузаронда шавад. Шуъбаи маориф ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия нақшаи теъдоди хонандагони ба истироҳат  фарогирифташударо дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Нафиса Сафарова дар лагерҳои фароғатии таълимӣ, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд, зиёда аз 1 ҳазору 584 нафар хонандаро фаро гирифтааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо хонандагон дар 3 давра 12 рӯзӣ истироҳат мекунанд. Барои таълиму тарбия ва назорати шабонарӯзии онҳо 30 нафар омӯзгорон вобаста шудаанд. Сиҳативу саломатии онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон хонандагони бо истироҳат фарогирифташуда рӯзе 3 маротиба бо хӯроки гарму болаззат таъмин мебошанд. Роҳбарони стансияи санитарию эпидемиологии ноҳия оид ба назорати вазъи санитариву гигиении истироҳатгоҳҳо корҳои судмандеро анҷом дода истодаанд.
Ҳоло 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар лагерҳои  «Файзи истиқлол» - и ноҳияи Варзоб дар истироҳати тобистона қарор доранд. Онҳо дар давоми истироҳат бо варзиш, шашкаву шоҳмот, футболу волейбол, баскетболбозӣ, тенниси рӯи миз ва ҳунарҳои мардумиву касбомӯзӣ машғул мебошанд. Бо фармоиши шуъбаи маорифи ноҳия дар лагерҳои истироҳатӣ дар давраи таътили тобистона барои хонандагон озмуни китобхони беҳтарини соли 2018 гузаронда мешавад. Мақсад аз гузарондани озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзиши китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар истироҳатгоҳҳои муассисаҳои таълимии ноҳия гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил ва дар ихтиёри истироҳаткунандагон вогузор шудааст. Ин ба беҳтар шудани дониши хонандагон кумак мерасонад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 1086
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед