logo

маориф

МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ ДАР ПОРТУГАЛИЯ, ЧЕХИЯ ВА СЛОВАКИЯ

Дар шаҳри Лисабони Ҷумҳурии Португалия 49 - умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Тибқи иттилои Хуршед  Каримов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар он зиёда аз 400 довталаб аз 90 кишвар иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 хонанда муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбаст Сабина Абдураҳмонова,  хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат  дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов,  хонандагони литсей - интернати тоҷикӣ - русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва сеюм гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро дар байни 90 давлати дунё баланд бардоштанд.
Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Чехия 50 - умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ (50th IChO 2018) аз фанни химия байни 280 довталаб аз 70 давлат баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти олимпиада Иномҷон Маҷидов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Аҳрор Исмоилӣ, хонандаи МТМУ № 3 - и ноҳияи Спитамен сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик ба  кишвар  5  медал (2 нуқра ва  3 биринҷӣ) оварданд. Бояд гуфт, ки чунин пирӯзӣ миёни довталабони пурқуввати зиёда аз сад кишвар ва ҳалли масъалаҳои мушкилтарини фанҳои дақиқ далели дониши мукаммали хонандагони тоҷик мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар шаш моҳи соли 2018 хонандагони тоҷик дар 16 Олимпиадаи  байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 206 медал, аз ҷумла 47 тилло, 73 нуқра ва 86 биринҷӣ гардиданд.

Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 1047
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед