мулоқотҳо
Сардори давлат вазирони
мудофиаро ба ҳузур пазируфт
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардиданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «ҳамкории сохторҳои дифоӣ намунаи робитаҳои босамар ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои иттиҳод хоҳад буд».
Таъкид гашт, ки дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳкими ҳамкории сохторҳои дифоии кишварҳои иттиҳод басо муҳим аст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1962