мулоқотҳо
Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Сафар Абиев
11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Озарбойҷон Сафар Абиевро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд, баррасӣ шуданд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз мӯҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба назар мерасад, ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоии ду кишвар густариш хоҳанд ёфт.
Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои болобарии омодагии қӯшунҳо, омӯзиши кадрҳои низомӣ ва густариши робитаҳои илмӣ зоҳир гардид.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1989