энергетика
Чаро интиқоли
барқ қатъ гардид?
Яку якбора поин рафтани ҳарорати ҳаво, зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ, паст шудани шиддату зудии барқ дар кори иншооти энергетикии кишвар, ки айни замон дар реҷаи мухтор ва аз Шабакаи муттаҳидаи Осиёи Марказӣ ҷудо кор мекунад ва хусусан хатти баландшиддати барқи «Норак-Регар», гаронӣ овард. Дар ин ҳолат нерӯгоҳҳои барқӣ ба таври автоматӣ аз кор монданд. Ҳамин тариқ, 9 ноябри соли ҷорӣ дар марказ ва ҷануби кишвар интиқоли барқ қатъ гардид.
Аз лаҳзаи аввали рух додани ин ҳолат роҳбарият ва мутахассисони ширкат ба ислоҳи вазъият шурӯъ намуданд. Хомӯшшавии автоматии барқ ба меъёри талаботи технологияи системаи энергетикӣ мувофиқ буда, имкон дод, то дар нерӯгоҳҳо ва дастгоҳҳои тақсими барқ садамаҳои калони номатлуб пешгирӣ гарданд. Аз ин ҷиҳат, мушкилиҳои зиёд рух надоданд ва баъд аз ду соат шабакаи барқии кишвар зина ба зина ба кор оғоз намуд. Дар навбати аввал корхонаҳое, ки талаботи технологиашон тақозо мекунад ва таъхирпазир нестанд, барқ гирифтанд.
Айни замон шабакаи энергетикии кишвар мӯътадил кор мекунад.
Бобати таҳқиқи ҳодисаи рухдода дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» комиссия созмон дода, сабабҳои он муайян карда мешаванд. Баъди таҳқиқу омӯзиш хулосаи комиссия тариқи воситаҳои ахбори омма интишор меёбад.
Баъзе нашрияҳо, аз ҷумла сомонаҳои интернетии «Сентразия», «CA-NEWS» хабар паҳн кардаанд, ки гӯё сабаби қатъи интиқоли барқ рух додани садама дар нерӯгоҳи Норак бошад. Ягон садама рух надодааст ва хадамоти матбуотии ширкати «Барқи тоҷик» ин маълумотро қатъиян рад мекунад.
Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4881