logo

ҳуқуқ

ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО ҲАНӮЗ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

Аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо яке аз масоили ташвишовари кишвар аст, ки аҳли ҷомеа ва мақомоти дахлдорро бетараф гузошта наметавонад ва барои пешгирӣ намудани ин раванди номатлуб тадобири муассир меандешанд. Бо вуҷуди ин, дар шаш моҳи соли равон аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  5654 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 614 ҳолат зиёд аст.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид ба он дошт, ки ягона никоҳе, ки аз ҷониби давлат эътироф карда мешавад ва боиси пайдоиши  ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафайн, яъне зану шавҳар ва фарзандону падару модар мегардад, сабти ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандист. Ба андешаи ӯ роҳи аз ҳама муҳим барои пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ки вазорат онро ба таври доимӣ пайгирӣ менамояд, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ мебошад. Аз рӯи маълумоти оморӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ сол то сол бештар ва никоҳ низ, аз тариқи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд шудааст. Вазорати адлия тасмим гирифтааст, ки дар оянда амалӣ намудани барномаи ба низоми электронӣ гузарондани сабти аснодро ба роҳ монад. Кор дар ин самт идома дорад.
Ба андешаи вазири адлия, сабабҳои ҷудошавии оилаҳо зиёд аст. Яке аз онҳо тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ мебошад. Аксари волидон кӯшиш менамоянд, ки духтаронашонро барвақт дар синни 17 - 18 солагӣ ба шавҳар диҳанд. Ҳол он ки онҳо ба ҳаёти мустақилона омода нестанд.
Қариб ҳар яки мо шоҳиди гиряҳои талхи модарони ҷавон ва кӯдакони зиндаятими онҳо гардидаем, ки ақди хешро на дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии кишвар ба қайд гирифтаанд, балки фақат бо никоҳи мусулмонӣ иктифо кардаанд. Дар натиҷа шавҳаронашон ба куҷое ғайб задаанд, ё онҳоро ба тариқи мусулмонӣ “талоқ “ дода, зани дигар гирифтаанд. Онҳо аз хонаву дар, алимент ва дигар амвол маҳрум мондаанд. Ҳаёти чунин модарон бо кӯдакони зиндаятим ба ҳамаи духтарону ҷавонзанон ибратомӯз буда,  онҳоро мебояд, ки дар мадди аввал ҳатман аз қайди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаранд, то дар зиндагӣ ҳуқуқи хешро дифоъ карда тавонанд.
- Дар чунин ҳолат, - иброз дошт вазири адлия, - бо роҳи муқаррар намудани падарӣ ин масъалаҳоро ҳал кардан мумкин аст. Яке аз сабтҳои мақомоти САҲШ - ин сабти муқаррар намудани падарӣ мебошад. 
Ба гуфтаи  Ш. Қурбонова, мудири бахши САҲШ - и ноҳияи Сино, дар аксар маврид модарон баъди хонадор кардани фарзандашон нисбат ба арӯс рашк мебаранд. Онҳо  беасос гумон мекунанд, ки аз ҳамон меҳри модарию фарзандӣ маҳрум мешаванд ва мутаассифона, арӯсро ҳамчун фарзанд қабул намекунанд. Ба ҳар як кори арӯс дар асоси рашк хӯрдагирӣ ва ӯро дар назди шавҳараш танқид карда, ноуҳдабаро нишон медиҳанд. Ба андешаи ӯ, мардон бояд дар чунин ҳолат худро бетараф нагиранд ва мушоҳидакор бошанду аҳли оила ва навхонадоронро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
       
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 1027
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед