logo

ҳуқуқ

С. СУЛТОНЗОДА: "БЕШ АЗ 180 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ШУД"

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои аз тарафи созмонҳои байналмилалии аз ҷиҳати молиявӣ маблағгузоришаванда, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ як қатор тафтишу санҷишҳо гузаронда, 334,7 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд.

Тавре Сулаймон Султонзода, директори агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, дар натиҷа аз 334,7 миллион сомонии зарари молиявии ошкоршуда 182,3 миллион сомонии он ба буҷети давлат барқарор карда шуд, ки 51,8 фоизи зарари ошкоршударо ташкил медиҳад.
Аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи ин ниҳод дар ин давра 1301 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шуд, ки 404 - тои он ба гурӯҳи ҷиноятҳои вазнин шомиланд. Инчунин, 376 ҷинояти қаллобӣ, 76 ҷиноят вобаста ба гирифтан ва додани пора, 11 ҳолатӣ саркашӣ аз супурдани маблағи андоз, ҳамчунин, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани «мукофот» бо роҳи тамаъҷӯӣ муайян гардид.
Ба гуфтаи С. Султонзода, кормандони агентӣ дар нимсолаи аввал 775 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намуданд. Нисбат ба шахсони талаботи қонунро вайронкарда ба маблағи 796,7 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гашта, 767,3 ҳазор сомонии он ба буҷети давлат ворид шудааст.
Зимни санҷишҳо 50 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 9 - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ошкор гардид, ки манъ будани хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наз-дик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо пешбинӣ менамояд. Ғайр аз ин, кормандони агентӣ дар якҷоягӣ бо масъулони комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим ҷиҳати таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 122 ҳолати қонуншиканиро ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон чорандешӣ намуданд. Ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф кардани қонуншиканиҳои зерин минбаъд аз ҷониби агентӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 1101
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед