logo

ҳуқуқ

ХАДАМОТИ ГУМРУК. НАЗОРАТ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ, шоҳроҳҳо ва нуқтаҳои савдо рейдҳои алоҳида гузаронда шуда, воридоти ғайриқонунии маводи сӯзишворӣ, ангишт, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, лампаҳои тафсон, мева, чойи хушк, доруворӣ, хӯроки паранда, ҳасиб, гӯшти қиммакардашуда, тухми мурғ ва дигар намуди маҳсулот ошкор гардиданд.
Ин нуктаро Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар  ин давра аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 2261 ҳолати қонуншиканӣ  ошкор гардид. Аз ин  миқдор 45 ҳолат ҷиноят буда, 23 ҳолат ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 3 ҳолат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва 19 ҳолат ба дигар ҷиноятҳои соҳаи фаъолияти гумрук марбут мебошанд.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи баррасии 2216 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 1835 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 1256 парванда барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид. Дар натиҷа, ба маблағи 4  миллиону  456 ҳазору  522 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва ба маблағи 3 миллиону  697 ҳазору  155 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат ворид карда шуд.
Дар нимсолаи сипаришуда аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати ҳимояи ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон 13 ҳолати интиқоли молҳои пастсифат ошкор гардид.
Ёдрас мешавем, ки охири соли сипаришуда Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат аз воридоти гӯшти пастсифати мурғ ба ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ карда, барои пешгирӣ аз ин ҳолат ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.08.2018    №: 153    Мутолиа карданд: 878
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед