logo

маориф

АГАР МАСЪУЛИЯТ БОШАД…

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар кардани раванди таълим тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Яке аз тадбирҳои басо муҳим гузариш ба низоми нави таълим – низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошад. Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратро, ки бо ҳам пайванданд, пурзӯр менамояд. Дар ин низом диққати асосӣ ба хонанда дода мешавад, махсусан «Хонанда чӣ кор карда метавонад?», «Хонанда кадом амалро иҷро карда метавонад?». Дониш дар ин низом ҷузъи таркибии малака ба ҳисоб рафта, барои санҷидан, муқоиса кардан бо намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода мегардад.

Пеш аз мавзӯи асосиро гузаштан омӯзгор савол медиҳад: «Агар ба шумо барои иҷрои ягон кор ду роҳ, яъне роҳи осону шавқовар ва душвору дилгиркунанда пешниҳод намоянд, кадоми онро интихоб мекунед? Албатта, роҳи якумро. Ҳамин тавр не?»
Барои фарзандони мо низ омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ бояд осону шавқовар гузарад. Ҷараёни дарс агар ҷолиб набошад, хастагӣ эҳсос мешавад, хонанда хоҳиши гӯш кардан намекунад. Мутаассифона, дар баъзе маврид омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ душвор ва дилгиркунанда сурат мегирад. Бархе аз муаллимон хостори ҳарчи зудтар гузарондани соати барояшон ҷудогардида буда, ба муҳимияти истифодаи ин усул кам таваҷҷуҳ мекунанд. Гуфтан мумкин аст, ки мо, омӯзгорон, бо дарсҳои хушку холии худ, бо як гуфтан ба хонанда дониши мукаммал дода наметавонем. Аз ин лиҳоз, пайваста дар омӯзиш ва пешрафти худ низ бояд бошем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо ташаккул додани нутқи хонанда мебошад. Хонанда бояд дар дарс худро озод ҳис намуда, фикрашро баён карда тавонад, матни хондаашро нақл кунад.
Равоншиносон ба хулоса омаданд, ки дар раванди таҳсил бояд чанд ҷиҳати психологӣ ба инобат гирифта шавад. Масалан, дар вақти омӯзиш ҳар хонанда ба воситаи аъзои шунавоӣ (аудиал) – 5 дарсад, кинистетик (ломиса) – 35 дарсад, ҳамчунин  ба воситаи дигистал (рақам, нақша, аломатҳо) – 25 дарсад ва ниҳоят визуал (биноӣ) – 35 дарсад қобилияти азхудкунии ин ё он иттилоотро дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки ин ҷиҳатҳои психологии хонандаро ба инобат гирад, ба қобилияти дарккунии ӯ, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки инкишофи зеҳнии хонанда босуръат ҷараён мегирад, диққати бештар диҳад. Ҳисси масъулияти баланд асосӣ бомуваффақият иҷро гардидани низоми таълими салоҳиятнокӣ ва пешрафти насли наврас ба ҳисоб меравад.  

Улфатмо ОЛИМШОЕВА,
Нигина АЛИМОВА, 
омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 – и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: ,06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 1019
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед