logo

маориф

ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БАШАРДӮСТӢ. ЯК СЕМИНАРИ МУҲИМИ ОМӮЗИШӢ

Бо ибтикори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар осоишгоҳи “Эдем” - и деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода барои омӯзгорони фанҳои таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коршиносони муассисаҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маорифи кишвар доир ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ семинари омӯзишӣ доир гашт.
Соли 1859 соҳибкор ва ходими ҷамъиятии швейтсарӣ Жан Анри Дунан шоҳиди ҷанг дар Солферино шуда, аз азобу ранҷи маҷрӯҳону аскарони миранда ба даҳшат омада, комилан набудани ёрии муташаккил ба онҳо боиси ғазабаш мегардад. Ӯ аз ин хусус дар китоби “Хотирот аз Солферино» нақл карда, зимни он ҷиҳати беҳсозии тақдири маҷрӯҳон дар майдони ҷанг ду пешниҳоди мушаххас намуд. Ғояи аввали Дунан боиси дар Женева ташкил кардани Кумитаи панҷ шуд, ки баъдан ба Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх табдил ёфт. Дертар Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар низ арзи ҳастӣ намуд. Дар сатҳи миллӣ онҳо чун бахшҳои амалан мавҷуднабудаи хадамоти низомии тиббӣ аввал дар кишварҳои Аврупо ва ИМА, сипас дар тамоми ҷаҳон ташкил гаштанд.
Пешниҳоди дуюмаш сабабгори 22 августи соли 1864 қабулшавии Муоҳадаи Женева оид ба ҳимояи қурбониёни ҷанг шуд. Муоҳадаи мазкур нахустин санади байналмилалии ҳуқуқи башардӯстӣ ҳимояи муҳрӯҳонро дар майдони ҷанг пешбинӣ карда, кормандони тибро бетараф, яъне ҳифзшаванда аз ҳар гуна амалиёти низомӣ эълом медорад.
12 августи соли 1949 дар асоси лоиҳаҳои таҳиякардаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх чор Муоҳадаи Женева оид ба ҳимояи қурбониёни ҷанг пазируфта шуд. Аз ин миён Муоҳида оид ба ҳимояи аҳолии осоишта дар замони ҷанг барои тақвияти ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ басо муҳим буд. 8 июни соли 1977 ду протоколи иловагӣ ба муоҳадаҳо қабул гаштанд, ки ба масъалаҳои умдаи ҳимояи қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ ва низоъҳои мусаллаҳонаи ғайрибайналмилалӣ (дохилӣ) дахл мекарданд.
Кишвари мо ин санадҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалии башариро 13 августи соли 1993 ба тасвиб расонд. Ин тасмим уҳдадор месозад, ки низомиён, ҳамчунин, мардуми осоишта аз моҳияту аҳамияти муоҳадаҳои Женева огоҳ гардонда шаванд.
Аз соли 2001 тибқи фармони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар факултаҳои ҳуқуқшиносӣ ва журналистикаи донишгоҳҳо тадриси фанни ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ роҳандозӣ шуд.
Чунин низоми муайян дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дида намешавад. Зеро соатҳои ин фан тадриҷан кам шуда, алъон аз ин хусус дар соатҳои тарбиявӣ гуфта мегузаранд. Ин кор ба зиммаи омӯзгорони фанни таърих вогузор шудааст, ки фанни мазкурро махсус наомӯхтаанд. Аз ин хотир, бори дувум аст, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони мактабҳо семинари омӯзишӣ мегузаронанд. “Ҳадафи мо ҳар чи весеътар кардани дониши омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқ, кормандони пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси муаллимон доир ба ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ мебошад. Бори аввал мо онҳоро соли 2016 дар ҳамин осоишгоҳ ҷамъ оварда будем”, - мегӯяд Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ” - и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
Дар ҷараёни семинар Саидумар Раҷабов, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ба сомеон доир ба муҳимтарин паҳлуҳои муоҳадаҳои Женева ва протоколҳои иловагии он, ҳамчунин, фаъолияти ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх маълумоти муфассал дод. Дар иртибот ба мавзӯъ барои иштирокчиёни семинар филмҳои мустанад ва тасвирӣ намоиш дода шуданд.
Тавре Моҳшариф Шоаҳмадова, омӯзгор аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иброз дошт: “Мо бисёр маълумоти нав гирифтем, ки дарсҳои минбаъдаамонро барои хонандагон шавқовару муфид месозанд. Барои ин аз Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар сипосгузорем”.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ният дорад, ки барои боз як гурӯҳи калони омӯзгорон 16 - 18 август дар ҳамин осоишгоҳ семинари омӯзишӣ гузаронад.
Хуршеди ҶОВИД,  “Ҷумҳурият”

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 1016
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед