logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ ТАНЗИМ. БАРАКАТИ ЯК САНАД

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи мо ба мероси фарҳангӣ ва маънавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳимояи онро яке аз вазифаҳои муҳими худ эътироф карда, ба фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷашну оинҳои мардумӣ умри дубора бахшид. Дар ин росто дар баробари қадршиносӣ аз мероси маънавии ниёгон истифодаи мақсадноки арзишҳои миллӣ дар ҳама соҳаҳо ба ҳукми анъана даромада, таҷрибаи қонунгузории миллӣ низ дар ин самт ба таври назаррас рушд кард.
Бо мақсади таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат 11 сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низом даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.
Яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ, баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Санади мазкур дар як муддати кӯтоҳ зарурат ва аҳамияти худро ба ҷомеаи Тоҷикистон собит сохт ва ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум мусоидат намуд.
Ин зарурат дар паҳнои масоили ҳуқуқии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати иқтисодии шаҳрвандон ва оилаҳо,  арзишҳои динӣ ва рушди мувозинаи урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ ба миён омад.
Омӯзиши ташаккул ва таҳаввули ҷашну маросим ва анъанаҳо дар масири таърих имкон медиҳад, ки махсусияти низомҳои таърихии ҳуқуқӣ, аз қабили ҳуқуқҳои одатӣ, анъанавӣ, динӣ дуруст баҳогузорӣ гарданд. Ин омӯзиш, ҳамзамон, шароит фароҳам меорад, ки ҳолат ва хусусиятҳои инкишофи шуури ҳуқуқии халқ, тасаввурот ва ақидаҳои иҷтимоӣ - сиёсӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ, қонуният ва хусусиятҳои инкишофи афкори ҳуқуқии халқи тоҷик ва маданияти ҳуқуқии халқ бо маром муайян карда шаванд.
Муҳаққиқони илми ҳуқуқшиносии муосир зикр мекунанд, ки низоми ҳуқуқи анъанавӣ имрӯзҳо низ қувва ва имкони танзимгарии худро, ки аксар вақт дар баробарӣ ва баъзан дар муқобили меъёрҳои ҳуқуқии давлат зоҳир мегардад, ҳифз карда истодаанд. Бинобар ин, рӯ овардан ба танзими ҳуқуқии ҷашну маросимҳо агар аз як ҷониб ҷиҳати мутобиқ ба манфиатҳои халқ ва рушди онҳо имкон фароҳам орад, аз ҷониби дигар имкон медиҳад, ки низоми ҳуқуқии мамлакат бо воситаҳои нави танзими иҷтимоии нисбатан самаранок ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ ғанӣ гардонда шавад.
То қабули қонун вазъи гузарондани маросими мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросими динӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат мегирифт, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиати иқтисодию иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуданд.
Президенти кишвар зимни як суханронӣ нишонрас зикр карданд, ки воқеан, қисме аз мардуми мо бо сабаби зоҳирпарастии беасос ва дар иҷрои маросимҳо ва маъракаороиҳо пойбанди таассубу хурофот будани худ ба амалҳое даст мезананд, ки дар ягон гӯшаи дигари олам ба назар намерасад.
Бояд таъкид кард, ки қонун ба талаботи умумибашарӣ зиддият надорад, зеро меъёрҳои он баҳри камшавии хароҷоти барзиёд, ҳифзи манфиати шаҳрвандон мусоидат карда, ба оилаҳо сарфаю сариштакориро ҳамчун рукни асосии гузарондани маросим омӯхта, ҷиҳати дастгирии қишрҳои камбизоати ҷомеа хизмат менамояд.
Муҳаммадӣ ШАРИФЗОДА,
сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 911
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед