logo

ҳуқуқ

ВМКБ. ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ЗАМИН ҲАСТАНД

Санҷишҳои мутахассисони идораи замини вилоят ва гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ин масъала нишон медиҳанд,  ки бо вуҷуди рӯи кор омадани як қатор тадбирҳо ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят  кам нашудаанд.  Масалан, ҳам дар шаҳри Хоруғ ва ҳам дар маркази ноҳияҳои вилоят ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои манзил ва дигар иншоот нақшаи генералии шаҳр ё  маркази ноҳияҳо сарфи назар карда мешавад.
Диловар Насруллобеков, раиси кумитаи идораи замини вилоят, дар робита  ба ин  масъала иброз дошт, тавре  аз  санҷишҳо  бармеояд,  дар шаҳри Хоруғ аз соли 2011 то  охири  соли 2017 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, навсозӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ,  манзил ва дигар иншоот бештар аз ҳазор қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст, ки дар онҳо аксаран қоидаҳои меъморию  шаҳрсозӣ сарфи назар шудаанд. Мақомоти назоратии шаҳру  вилоят бошанд, ҷиҳати  пешгирии қонуншиканӣ  вобаста ба ин масъала чораҳои  мушаххас намеандешанд ва ин  ҳолат  имрӯз  ҳам  идома ёфта  истодааст. Боиси нигаронист, ки дар қаламрави шаҳр барои сохтмон фонди замин вуҷуд надошта бошад ҳам, мақомоти шаҳрдорӣ соли гузашта барои сохтмони манзилу иншооти дигар зиёда аз 60 қарор ба тасвиб расондааст.
Чунин  ҳолат дар  ноҳияи Шуғнон  низ ҷой  дорад. Раиси ноҳия давоми соли 2017  оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои  сохтмони хонаҳои истиқоматӣ,  дукону мағозаҳои тиҷоратӣ ва иншооти дигар 958  қарор ба тасвиб расондааст. Ин дар ҳолест, ки    кумитаи идораи замини ноҳия фақат дар нимсолаи аввали соли равон вобаста ба истифодаи  замин 32 ҳолати  қонуншиканиро   ошкор намудааст. Дар ноҳия дурнамои кишти зироатҳо  иҷро намешавад. Соли  равон ба  камчинии  майдони  замини  обӣ   нигоҳ  накарда,   51 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун монд.
  Санҷишҳо дар ноҳияи  Рӯшон 54 ҳодисаи қонуншиканиро  вобаста ба истифодаи замин дар майдони зиёда аз 10 гектар рӯи об бароварданд. Соли равон ба  таъкидҳои  чандинкарата нигоҳ  накарда, дар  ноҳия  нисбат ба дурнамо 24 гектар сабзавот ва 91,7 гектар картошка кам кишт шудааст.
Дар шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои  вилоят  оид ба ҷудо намудани қитъаи замин аз  доираи салоҳият баромадани мансабдорону шахсони масъул зиёд ба назар мерасад. Ин вазъ, бахусус дар ноҳияи Мурғоб, ташвишовар мебошад. Ҳуҷҷатгузорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ва  идораи замини  ноҳия ба таври ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст.
Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзилу иншоот мақомоти шаҳрдорӣ бояд ризояти тамоми сохторҳои дахлдорро  ба инобат гирад, зеро тибқи қонунгузории кишвар, бе ризоияти ҳатто як мақомоти салоҳиятдор дар бораи сохтмон қарор қабул кардани раиси шаҳр ё ноҳия мумкин нест. Аммо раисони шаҳру ноҳияҳои  вилоят ин ҳолатро баъзан сарфи назар мекунанд. Масалан, раиси ноҳияи Мурғоб ва  роҳбарияти Боғи миллӣ дар вилоят  барои  шикор дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи  Гожо Бердибоев ва Рангкӯл ба ҶДММ «Нуркап» мавзеи муайян ҷудо намудаанд. Санҷиш  нишон  дод, ки  қарори раиси ноҳия дар ин бора  фақат дар асоси  як лоиҳа ба тасвиб расида, аз тарафи идораи замини ноҳия бошад, оид ба ҷудо намудани ҳудуд ягон пешниҳод, парванда ва нусхаи харита тартиб дода нашудааст. Ҳол  он  ки тибқи қонунгузории кишвар дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки Боғи  миллӣ  низ  ба  онҳо   дохил  мешавад, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ва шикору чарондани чорво фақат дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Кумитаи  идораи  замини  вилоят  ва мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  вилоят  кӯшиш  доранд, ки  пеши  роҳи  чунин қонуншиканиҳоро  гирифта, иҷрои  ҳатмии  Фармони  Президенти  мамлакат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро  дар  қаламрави  вилоят пурра таъмин  намоянд, то ҳар  ваҷаб замин барои некуаҳволии  мардум  оқилонаву  самаранок  истифода  шавад.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2018    №: 155    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед