logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ САРМОЯГУЗОРӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 марти  соли 2016 «Дар бораи сармоягузорӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, № 3, мод. 152) тағйиру иловаҳои  зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои «вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сармоягузориро ба танзим дароварда, асосҳои» ба калимаҳои «ҷамъиятиро вобаста ба сармоягузорӣ танзим намуда, асосҳои ташкилӣ, молиявӣ,» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 1:
- ба сархати ҳаштум пас аз калимаи «оинномавии» калимаи  «(шариконаи)» илова карда шавад.
- сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- лоиҳаи сармоягузорӣ – лоиҳаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими тиҷоратӣ, ки ҷалби сармоягузориро барои рушди соҳаи муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;».
3. Аз матни моддаи 2 ва қисми 6 моддаи 8 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
4. Дар сархати сеюми моддаи 3 калимаҳои «фонди оинномавӣ» ба калимаҳои «сармояи оинномавӣ (шарикона)» иваз карда шаванд.
5. Дар сархати якуми моддаи 4 калимаи «моликияти» ба калимаҳои «моликият ба» иваз карда шавад.
6. Дар қисми 1 моддаи 5 ва қисми 1 моддаи 12 калимаҳои «иншоот», «иншооти» мувофиқан  ба калимаҳои «объект», «объекти»  иваз карда шаванд.
7. Аз матни моддаи 7 калимаи «мансубияти» хориҷ карда шавад.
8. Дар моддаи 8:
- дар қисми 1 калимаҳои «ҳуқуқ, манфиатҳо ва» ба калимаҳои  «ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва»  иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюми қисми 5 калимаҳои «фондҳои оинномавии (сармояи оинномавии)» ба калимаҳои «сармояҳои оинномавии (шариконаи)» иваз карда шаванд.
9. Дар қисми 4 моддаи 13 калимаҳои «бақайдгирии амалиётҳои молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳои додашуда» ба калимаҳои  «бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳои вобаста ба молу мулки ғайриманқул, иҷозатномаҳо ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда»  иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 15:
- ба қисми 1 пас аз калимаҳои «иҷозатномадодашаванда» ва  «иҷозатнома» мувофиқан калимаҳои «ё фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунад,» ва «ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» илова карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи «моликияти» ба калимаҳои «молу мулки» иваз карда шавад.
11. Моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 22. Дастгирии давлатии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ
1. Давлат дастгирии иттилоотӣ, молиявӣ ва молумулкӣ, аз ҷумла пешниҳоди грантҳои аслии давлатиро ба сармоягузорон, субъектҳои дигари фаъолияти сармоягузорӣ, ташкилотҳое, ки суғуртаи қарзҳо ва сармоягузориро аз хавф анҷом медиҳанд, амалӣ менамояд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ ва шартномаҳои дигар метавонад тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба сармоягузорон грантҳои аслии давлатиро пешниҳод намояд.
3. Андозаи грантҳои аслии давлатӣ, шартҳои истифода ва ба моликият додани он, инчунин баргардонидани гранти аслӣ дар сурати пеш аз муҳлат қатъ намудани шартнома тибқи созишномаи байни сармоягузор ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ муайян карда мешаванд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                                         Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1547

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» қабул карда швад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 майи соли 2018, № 1075

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 571


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1083
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед