logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз      4 ноябри соли 1995 «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 245;     с. 2001, № 4, мод. 212; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 983) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни Қонуни конститутсионӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, дар матни он калимаҳои «ҳақ», «қаламрави», «оиди» ва «тағйироту» мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқ», «ҳудуди», «оид ба» ва «тағйиру» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми дуюми моддаи 2 калимаҳои «маъмурии марзӣ» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 3 калимаи «шахсоне» ба калимаи «шаҳрвандоне» иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 6:
- дар қисми якум калимаи «ҷамъият» ба калимаи «ҷомеа» иваз карда шавад;
- қисми нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ на дертар аз панҷ рӯз пеш аз раъйпурсӣ бо тартиби муқарраргардида рӯйхати мушоҳидони миллии худро барои бақайдгирӣ ба комиссияҳои дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ пешниҳод менамоянд.»;
- қисми ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Фаъолияти мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ мувофиқан пас аз ба қайд гирифтан ва аккредитатсияи онҳо дар комиссияҳои дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, пас аз эълон гардидани натиҷаи пешакии раъйпурсӣ анҷом меёбад.».
5. Дар қисми дуюми моддаи 7 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад.
6. Дар қисми якуми моддаи 9 ва қисми якуми моддаи 12 калимаи «Президент» ба калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
7. Қисми якуми моддаи 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҳавзаҳои раъйпурсӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд. Дар шаҳри Душанбе ҳавзаҳо дар ҳудуди ноҳияҳои он ташкил карда мешаванд.».
8. Дар моддаи 17:
- дар банди 7) калимаҳои «шакли бюллетенҳои раъйпурсӣ» ба калимаҳои «шакл ва матни бюллетени овоздиҳӣ» иваз карда шаванд;
- ба банди 12) пас аз калимаи «амали» калимаи «(беамалии)» илова карда шавад.
9. Ба банди 8) моддаи 18 пас аз калимаи «амали» калимаи «(беамалии)» илова карда шавад.
10. Ба банди 7) қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаи «мекунад» калимаҳои «ва протоколро ба комиссияи дахлдори ҳавзавии раъйпурсӣ пешниҳод менамояд» илова карда шаванд.
11. Дар қисми чоруми моддаи 25 калимаҳои «гап мезананд, чоп карда мешаванд» ба калимаҳои «аз он истифода мекунанд, чоп карда мешаванд ва онҳо бояд на кам аз як дараҷаи ҳифозат дошта бошанд» иваз карда шаванд.
12. Дар моддаи 27:
- аз қисми сеюм калимаҳои «тамға ва» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаи «фамилияи» ба калимаҳои «насаб, ном ва номи падари» иваз карда шавад. 
13. Дар моддаи 28:
- дар қисми якум калимаҳои «бюллетени раъйпурсиро» ба калимаҳои «бюллетени овоздиҳиро» иваз карда шаванд; 
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Агар овоздиҳанда тарафдори масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда бошад, дар бюллетени овоздиҳӣ дар квадрати холӣ, дар рӯ ба рӯи калимаи «тарафдор» аломати «+» мегузорад. Агар овоздиҳанда зидди масъалаи ба раъйпурсӣ гузошташуда бошад, дар квадрати холӣ, дар рӯ ба рӯи калимаи «муқобил» аломати «+» мегузорад.».
14. Дар моддаи 30:
- дар қисми чорум калимаҳои «ва котиб имзо мегузорад» ба калимаҳои «, котиб ва аъзои комиссия имзо мегузоранд» иваз карда шаванд;
- дар қисми панҷум калимаҳои «ҳукуматҳои дахлдор» ба калимаҳои «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои дахлдор» иваз карда шуда, пас аз калимаи «онҳоро» калимаҳои «бо роҳи сӯзондан» илова карда шаванд.
15. Дар моддаи 32:
- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи пешакии раъйпурсии умумихалқиро аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар муддати 24 соати пас аз ба охир расидани раъйпурсии умумихалқӣ эълон мекунад.»;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоотро дар бораи натиҷаи ниҳоии раъйпурсии умумихалқӣ дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар матбуот чоп мекунад.».
16. Номи моддаи 34 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур».

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон                                          Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1542

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 майи соли 2018, № 1079

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 566


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1166
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед