logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 4, мод. 5; с. 2011, № 12, мод. 840; с. 2012, № 7, мод. 719; с. 2013, № 3, мод. 180; с. 2015, № 11, мод. 954; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 277; с. 2018, № 1,  мод.7) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисмҳои 4 ва 5 моддаи 13, матни моддаи 36, қисми 5 моддаи 48, қисми 2 моддаи 61, сархати сеюми қисми 1 моддаи 1261, сархати дуюми қисми 1 моддаи 134, номи боби 15, қисми 2 моддаи 137, ном ва матни моддаҳои 138, 139, 140 ва 141, қисми 2 моддаи 149, сархати нуҳуми  қисми 2 моддаи 152, ном ва матни моддаи 205 калимаҳои «созишномаи», «Созишномаи» ва «созишнома» мувофиқан ба калимаҳои «созиши», «Созиши» ва «созиш» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 3 моддаи 26, қисми 1 моддаи 33 ва қисми 7 моддаи 98 калимаҳои «идории» ва «идорӣ» мувофиқан ба калимаҳои «идоравии» ва «идоравӣ» иваз карда шаванд.
3. Ба сархати якуми моддаи 28 пас аз калимаҳои «шахсони мансабдор,» калимаҳои «инчунин иҷрочии суд,» илова карда шаванд.
4. Ба моддаи 48 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Ҳангоми тағйирёбии асос ё предмети даъво, зиёд ё кам кардани андозаи талаботи даъво, гузаштани мӯҳлати баррасии парванда, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, аз рӯзи иҷрои амали дахлдори мурофиавӣ оғоз мегардад.».
5. Дар моддаи 124:
- ба сархати нуҳуми қисми 2 пас аз калимаҳои «қабул намудааст» калимаҳои «ё дар мавриди зарурӣ дархост оид ба андешидани тадбирҳои таъминотӣ» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаҳои «намояндаи ӯ,» калимаи «ҷавобгар,» илова карда шавад.
6. Қисми 4 моддаи 138 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Суд бо таъиноти худ созиши оштии тарафҳоро тасдиқ ва баррасии парвандаро қатъ мекунад.».
7. Дар қисми 2 моддаи 139 калимаҳои «дарҷ гардад» ба калимаҳои «дарҷ гардида, инчунин оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиши оштӣ нишон дода шаванд» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 140:
- ба қисми 2 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: «Дар протоколи маҷлиси судӣ оид ба бастани созиши оштии тарафҳо қайд гузошта мешавад.»;
- ба қисми 6 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«- оқибатҳои иҷро нагардидани шартҳои созиш;
- қатъ намудани истеҳсолоти парванда;»;
- дар қисми 8 калимаи «се» ба калимаи «як» иваз карда шавад;
- қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«11. Суд ба тарафҳо оқибати бастани созиши оштиро фаҳмонда, аз онҳо забонхат мегирад, ки он ба маводи парванда замима карда мешавад.».
9. Ба сархати чоруми моддаи 143 пас аз калимаҳои «қарор дорад» калимаҳои «ё гирифтори беморие мебошад, ки иштироки ӯро дар баррасии парванда имконнопазир мегардонад» илова карда шавад.
10. Ба моддаи 148 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Суде, ки таъинотро ҷиҳати бе баррасӣ монондани ариза қабул намудааст, бо дархости даъвогар ё ҷавобгар тибқи асосҳои сархати ҳаштуми моддаи 147 Кодекси мазкур таъиноташро метавонад бекор намояд, агар даъвогар ё ҷавобгар ба суд далелҳои тасдиқкунандаи бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба маҷлиси судӣ ва имконнопазирии иттилоъ додани онро пешниҳод намояд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1539

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 20 июни соли 2018, № 1138

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                               М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 563


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1121
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед