logo

туризм

ХОРУҒ. МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ТАЪСИС ЁФТ

Дар шаҳри Хоруғ маркази иттилоотии Ассотсиатсияи туризми  ҷомеаасоси Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.  Шагарф Муллоабдолов, роҳбари ассотсиатсия,  мазкур  зикр  кард, ки  бо  дастури  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон сол  ба  сол  таваҷҷуҳ  ба  рушди  сайёҳӣ   дар  кишвар    афзоиш  меёбад.
Соли  2018  бошад,  аз  ҷониби  Сарвари  кишвар  Соли   рушди  сайёҳӣ   ва  ҳунарҳои  мардумӣ   эълон   гардид, ки  ин  ба  пешрафти  кор  дар  ин  самт    мусоидати бештар  хоҳад кард. Вале муаррифии  кишвар, ба хусус  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон, ҷойҳои  таърихиву  мавзеъҳои  дилписанди  он  ҳанӯз  дар сатҳи  лозимӣ   ба  роҳ  монда  нашудааст. Марказҳои  иттилоотии сайёҳӣ  метавонанд дар ин самт саҳми босазо  гузоранд. Ҳадаф аз таъсиси маркази иттилоотии сайёҳӣ   дар шаҳри  Хоруғ  маҳз таҳияи маводи иттилоотӣ , аз ҷумла филмҳои мустанад дар бораи мавзеъҳои тамошобоби Помир ва дар заминаи онҳо муаррифии  шоистаи Бадахшон ва умуман, Тоҷикистон ба ҷаҳонгардони хориҷию дохилӣ  мебошад.
Ба  гуфтаи Шагарф Муллоабдолов,  тамошои Бадахшон бо қуллаҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, кӯлу пиряхҳои азим, рӯдҳои хурӯшон, урфу одатҳои  то ба имрӯз маҳфуздоштаи аҷдодӣ , ёдгориҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ  ва меҳмоннавозии бошандагонаш диққати ҷаҳонгардони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Аммо на ҳамаи ҷаҳониён ва ҳатто сокинони дигар минтақаҳои кишварамон дар бораи  Боми  ҷаҳон, мавзеъҳои  сайёҳии  он  маълумоти муайян  доранд. 
Ин дар ҳолест, ки ояндаи рушди  иқтисодиёти вилоят ва дар заминаи он фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои мардум дар баробари инкишофи саноати кӯҳӣ  ва энергетика ба рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ  алоқаманд аст. Имрӯз барои қабули сайёҳон дар вилоят дар доираи имконоти мавҷуда шароит фароҳам оварда шудааст ва барои ҷалби ҳар чи бештари ҷаҳонгардон ба ин ҷо, дар марҳилаи аввал, муаррифии мавзеъҳои сайёҳии  минтақа  аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Ба гуфтаи Ш.  Муллоабдолов,  ба  ин  мақсад  чунин  маркази иттилоотии ассотсиатсияи сайёҳӣ   дар  ноҳияи  Мурғоб  таъсис  ёфта, дар  нақша  аст, ки  дар  ояндаи  наздик чунин марказҳо дар  дигар  ноҳияҳои  кишвар  низ  таъсис ёбанд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 978
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед