logo

маориф

ВМКБ. ИНТИҚОДИ ШОДИХОН ҶАМШЕД АЗ МАСЪУЛОНИ МАОРИФ

Масъалаи омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар  машварати  назоратии  навбатии   раиси вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эраҷ  Ҷонмирзоев, сардори   раёсати  маорифи  вилоят, зикр  кард, ки  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумии  вилоят  ба  соли  нави  таҳсил  омодаанд. Аксарияти  муассисаҳо сари  вақт  аз  таъмир  бароварда  шуда,  бо  кадрҳои  омӯзгорӣ таъмин  мебошанд.
Аммо, Шодихон  Ҷамшед, раиси  ВМКБ, роҳбарияти раёсати  маорифи  вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳоро  барои   омодагии  нокифоя  ба  соли  нави таҳсил  мавриди  интиқоди шадид  қарор  дод. Ба  гуфтаи  раис, бо вуҷуди он ки ҳамасола қариб 400 нафар намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон риштаҳои омӯзгории муассисаҳои  таҳсилотии  олии  кишварро хатм мекунанд, масъалаи таъмини  мактабҳои вилоят бо омӯзгорони соҳибихтисос  то  ҳол  ҳалли пурраи худро наёфтааст. Вазъият, бахусус, дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз  ва Мурғоб  ногувор аст. Муассисаҳои таълимии ин ноҳияҳо аз нарасидани  омӯзгорони фанҳои технологияи иттилоотӣ, риёзӣ, химия ва забонҳои хориҷӣ танқисӣ мекашанд.
Дар баъзе муассисаҳои таълимии вилоят теъдоди зиёди омӯзгорон бо маълумоти миёнаи махсус ва ҳатто маълумоти миёнаи  умумӣ дарс медиҳанд. Далелҳои аз ҷониби омӯзгорони ғайриихтисос таълим додани фанҳои дақиқ ҳам ба назар мерасад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Мурғоб ва Дарвоз аз забони англисӣ ашхосе дарс медиҳанд, ки фақат курси шашмоҳаи омӯзиши ин забонро хатм намудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон теъдоди зиёди ҷавононе, ки донишгоҳҳои омӯзгориро бо ин ихтисосҳо хатм намуда, чанд сол боз бекор гаштаанд  ва  дар омори марказҳои шуғли аҳолӣ  сабти ном шудаанд.
   Раиси вилоят аз он  изҳори  нигаронӣ кард, ки  дар раёсату шуъбаҳои маориф дар масъалаи таъминоти кадрии муассисаҳои таълимӣ сифатро қурбони омор мекунанд. Ҳоло  ҳам дар мактабҳои вилоят бо маълумоти олии нопурра 372, бо маълумоти миёнаи умумӣ 31 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Дар ноҳияи Ванҷ аз нисф бештари омӯзгорон маълумоти олии касбӣ надоранд. Ҳол он ки танҳо  соли  сипаришуда аз ҳисоби  хатмкунандагони риштаҳои омӯзгории донишгоҳҳои олии кишвар  407 нафар мутахассисони ҷавон барои кор ба муассисаҳои таълимии вилоят омаданд. Мутаассифона, танҳо 96 нафари онҳо ба кор таъмин гардиданду халос. Қисмати зиёди мутахассисони ҷавон барои таъмин бо ҷойи кор дар шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар нав-бат  меистанд, вале барои  кор  ба  деҳоти  дурдаст  ва  ноҳияҳои  дигар  намераванд.
Савол  ба  миён  меояд, ки чаро мутахассисони ҷавон ба ноҳияҳое, ки аз омӯзгорони фанҳои дақиқу забонҳои хориҷӣ танқисӣ мекашанд, рафтану кор кардан намехоҳанд? Ба кадом хотир ҳангоми ҷудо намудани Квотаи президентӣ эҳтиёҷоти ноҳияҳое, ки ба омӯзгорони фанҳои дақиқу забонҳои хориҷӣ бештар  ниёз доранд, сарфи назар карда мешавад? Чаро ҳангоми барномарезии донишгоҳҳо дар робита ба тайёр намудани мутахассисони ин ё он соҳа талаботи бозори меҳнат дар ин ё он минтақа ба назар гирифта намешавад? Ин пурсишҳои раиси вилоят аз ҷониби масъулини раёсати маориф ва раисони ноҳияҳо ҷавоби  худро  пайдо  накарданд. Саволи  дигари раис  дар  робита  ба дастгирии  соҳибкорону  шахсони   саховатпеша дар  самти  таъмири муассисаҳои  таълимӣ низ  беҷавоб  монд.
Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави вилоят аз 313 муассисаи таълимӣ  52 - тоаш  дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 85 ададашон ба таъмири асосӣ ниёз доранд.  Ҳатто дар маркази вилоят аз 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 10 – тои он ба таъмирӣ асосӣ ниёзманд аст. 
Раиси  вилоят ба  масъулони  соҳа, раиси  шаҳри  Хоруғ ва  ноҳияҳои  вилоят супориш  дод, ки  ба  масъалаи мазкур  таваҷҷуҳи  бештар  равона  карда, камбудиҳои  ҷойдоштаро  то  оғози  соли  нави  таҳсил бартараф  намоянд. Дар  самти  ҷалби  соҳибкорону шахсони саховатпеша ба таъмиру  азнавсозии   биноҳои  муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи умумӣ кор  баранд, барои  мутахассисони  ҷавон дар  маҳалҳо  шароити  мусоид фароҳам  оранд.       
Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 970
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед