logo

номаҳо

БА ПИРӮЗИИ ҲАҚИҚАТ БОВАР ДОРАМ

Ман сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи С. Мирзоев, хонаи 19, ҳуҷраи 2 (манзили баҳсӣ) будам. Аз моҳи сентябри соли 2017 инҷониб аз манзилам маҳрум ва ҳоло бо даҳ нафар аҳли оилаам сарсону саргардонам.
Вобаста ба баҳси манзил чандин марҳилаи судиро гузашта, қарор додам, ки ин навбат арзи худро тавассути гӯшаи «Шаҳрванд» -  и Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба самъи сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ расонам. Танҳо ба умеде, ки баҳси мо дар доираи қонун ва риояи адолати судиву иҷтимоӣ роҳи ҳалли худро пайдо созад.
Манзиле, ки мавриди баҳс қарор дорад, ман бо маблағи шахсии худ аз Р. Маҳмадалиев тавассути шартномаи шифоҳӣ харида будам. Аммо, дигарон бо собиқ соҳибхона якҷоя шуда, бо роҳи қаллобӣ хонаро соҳибӣ карданд. Дар ин робита ба суди шаҳри Бохтар муроҷиат кардем. Суд харидуфурӯши байни С. Саид-алиев ва Р. Маҳмадалиевро аз 24. 06. 2003 асоснок ҳисобида, шаҳодатнома оид ба бақайдгирии давлатии манзили истиқоматии мазкур, ки аз тарафи КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» - и шаҳри Бохтар ба ман дода шуда буд, рад кард ва моро аз манзили баҳсӣ кӯчонданд. Ҳол он ки шартномаи шифоҳии байни ман ва собиқ соҳибхона - Р. Маҳмадалиев аз тарафи суд оид ба эътирофи ҳуқуқи моликият расман тасдиқ шуда, дар ин маврид ҳалнома ҳам баромадааст.
Сипас, ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Хатлон шикояти кассатсионӣ бурдем, аммо он ҳам ҳалномаи суди зинаи аввалро бетағйир гузошт. Минбаъд шикояти назоратии ман дар коллегияи кассатсионии суди вилояти Хатлон ҳам рад шуд.
Баъдан, аз ноилоҷӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратӣ пешниҳод намудам. Дар асоси таъйиноти судяи Суди Олӣ аз 19 июни соли 2018 ирсоли парванда ҷиҳати баррасӣ намудани он дар суди марҳилаи назоратӣ рад гардид. Ҳоло аризаи шикояти назоратии ман дар раёсати Суди Олӣ қарор дорад ва умед мебандам, ки дар ин марҳила ҳақро ба ҳақдор мерасонанд.
Маҳмадшариф ГУЛОВ,
сокини шаҳри Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 1182
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед