logo

туризм

САЙЁҲӢ ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА РУШДИ УСТУВОР

 Ҳар вақт сухан аз рушди сайёҳӣ дар кишварамон равад, наворҳои барномаи муваффақи “Уқоб ё панҷара” – и яке аз шабакаҳои телевизионии Русия ба хотирам меояд. Барандаҳои он зимни сафар ба ягон кишвар бо услуб ва гуфтори ҷолиб имкониятҳои сайёҳии онро барои ҳам миллиондорон ва ҳам сайёҳони қаторӣ басо хотирмон манзур месозанд. Пас аз тамошои намоиш ҳатто каси ҳамёнаш “хароб” беихтиёр шавқи сафар ба ин шаҳр ё давлат пайдо мекунад.
Воқеан ҳам, дар давлатҳои пешрафтаи сайёҳӣ, ки маҳз ҳамин соҳа даромади асосии буҷеташонро таъмин месозад, инфрасохтори туризм ба дараҷае рушд кардааст, ки ҳатто ҳар гуна хоҳиши сайёҳони сернозунузро метавонад комилан қонеъ созад. Бешак, барои ба ин сатҳи баланди хизматрасонӣ расидан солҳо ва маблағҳои ҳангуфт сарф шудаанд.
Вақти рекламаи шаҳрҳо, ҷазираҳо ва мамлакатҳои номбаровардаи сайёҳиро тавассути видеофилмҳо, сомонаҳои интернет, расонаҳо дидану хондан дар сар, пеш аз ҳама, фикре давр мезанад, ки онҳо аз ҷиҳати манзараҳои дилфиреби табиат, чашмаю кӯлу дарёҳо, обҳои шифобахш, меваҳои шаҳдбори аз ҷиҳати экологӣ беназир, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз Тоҷикистони азизи мо ҳеҷ бартарие надоранд. Онҳо танҳо дар ташкили инфрасохтори туристӣ, сатҳу намудҳои хизматрасонӣ, тарғибу таблиғи ин дороиҳо ва усулҳои ҷалби сайёҳон пеш рафтаанд.
Ба ибораи дигар, дар тамоми минтақаҳои кишварамон табиати афсункор дари сахояшро он қадар арзонӣ кушодааст, ки ҳар сайёҳи дохилӣ ё хориҷӣ ба як дидан мафтун мешавад. Кӯҳҳои сар ба афлок барои кӯҳнавардӣ, дарёҳои хурӯшон барои рафтинг, дараҳои зебоманзар барои пиёдагардӣ, чашмаҳои мусаффою шифобахш барои табобат, шикоргоҳҳо барои дӯстдорони шикори ҳайвонҳои нодир... Ин рӯйхат басо тӯлонист ва на ҳар кишвари дунё чунин имкониятҳои азими сайёҳӣ дорад.
Ин сарват аст, сарвати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва халқи шарифу заҳматпешаи он. Ва ин ганҷи номакшуф бояд баҳри шукуфоии минбаъдаи диёр, ҳамзамон, рӯзгори шоистаи мардуми он истифода шавад.  Ба фаҳми ман, ҳадафи асосии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳз ҳамин аст. Пас аз ироаи ин тасмим дар асоси ҳидояту дастурҳои Пешвои муаззам Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёде андешида истодааст, ки ба рушди бесобиқаи соҳаи сайёҳӣ нигаронда шудаанд. Муҳимтарини онҳо таъсиси сохтори вижаи давлатӣ - Кумитаи рушди сайёҳӣ мебошад. Яъне ривоҷи сайёҳӣ ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ва қобили зикр аст, ки ин ниҳоди навташкил дар муддати кӯтоҳ дар ҳамкории зич бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ корҳои судмандро анҷом дода истодааст.
Алъон дар Тоҷикистон низоми содакардаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ҷорӣ гардида, шабакаи ягонаи электронӣ амал мекунад. Тибқи баҳои созмонҳои байналмилалии сайёҳӣ, кишвари мо аз лиҳози низоми содаи гирифтани раводиди сайёҳӣ дар миёни панҷ мамлакати пешсафи ҷаҳон мавқеи чорумро ишғол менамояд. Дар рейтинги Форуми ҷаҳонӣ оид ба рақобатпазирӣ дар бахши туризм Тоҷикистон тавонист соли гузашта мавқеашро 12 зина боло бурда, миёни 136 кишвари дунё мақоми 107-умро касб кунад. Ин, ба қавле, танҳо оғози кор аст. Дар ин рейтинг Қазоқистон дар ҷои 81 ва Қирғизистон дар ҷо 115 -ум мебошанд. Туркманистону Ӯзбекистон дар рейтинг ҳузур надоранд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб барои рушди сайёҳӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонию мусофиркашонӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии давлатии “Тоҷик Эйр” ва корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мебошад. Аз ин хотир, “Тоҷик Эйр” ва “Роҳи оҳани Тоҷикистон” аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.
Дигаргуниҳои мусбате, ки солҳои охир дар соҳаи туризм ба амал меоянд, далели онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи пиёдасозии ҳадафи воло - ба кишвари сайёҳӣ табдил ёфтан устуворона гом мениҳад. Табиист, ки ин роҳи кӯтаҳ нест, шебу фароз, мушкилоти зиёд дорад. Ва дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамаи онҳоро ҳал кардан имкон надорад. Муҳим он аст, ки дар ин сол тамоми имкониятҳо барои ҷаҳиши бузург дар ривоҷи соҳа истифода гарданд. Дар ин сурат дур нест замоне, ки Тоҷикистони азизи мо, бешубҳа, аз чеҳраҳои тобноки сайёҳии на танҳо Осиё, балки дунё шинохта мешавад. 
Далери АБДУҒАФФОР,
корманди Хадамоти зиддиинҳисории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 1076
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед