logo

ҳуқуқ

НОҲИЯИ ДӮСТӢ. КАМБУДИҲОИ БОЗОР ОШКОР ГАРДИДАНД

Ҳолатҳои ба талабот ҷавобгӯ набудани вазъи санитарӣ - гигиении дуконҳои гӯштфурӯшӣ, обҳои ташнагишикан, нуқтаҳои ғизои тезтайёр ва ба фурӯш гузоштани маҳсулоти бесифат аз  камбудиҳое буданд, ки зимни санҷиши муштараки мутахассисони ниҳодҳои дахлдор дар бозори ҳафтае як рӯз фаъолияткунандаи ноҳияи Дӯстӣ ошкор шуданд. 
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши  раиси вилояти Хатлон дар робита ба бехатарии озуқаворӣ ва амнияти эпидемиологӣ сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон, маркази санитарию эпидемиологии вилоят якҷо бо раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баҳри бартараф намудани норасоию камбудиҳо ва роҳ наёфтани маҳсулоти бесифату муҳлати истифодаашон гузашта дар бозорҳои ҳафтаинае, ки дар минтақаи Бохтари вилоят фаъолият менамоянд, санҷишҳои муштарак гузаронданд.
Дар рафти санҷиш дар бозори Ҷамоати деҳоти 20 - солагии Истиқлолияти ноҳияи Дӯстӣ маълум гардид, ки ҳолати дуконҳои фурӯши гӯшт ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набуда, қисме аз фурӯшандаҳо аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд. Инчунин, қисме аз онҳо маълумотнома оид ба сифати гӯштро, ки баъди забҳи чорво аз тарафи духтури байтор дода мешавад, надоштанд ва маҳсулоти гӯштиро дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ менамуданд.
Санҷиш нишон дод, ки нуқтаҳои хӯроки умумӣ, аз ҷумла ошхонаҳо дар  ҳолати ғайрисанитарӣ ва қисме аз соҳибкорон бе дафтарчаи тиббӣ фаъолият менамоянд. Ошпазҳо либосҳои махсус, ки тибқи дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, пӯшидани он ҳатмист, дар бар надоштанд.
Дар нуқтаҳои хӯроки тезтайёр низ одитарин  қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ риоя намешаванд. На ошхонаҳо ва на нуқтаҳои ғизои тезтайёр бо хати об таъмин набуда, косаю табақҳои хӯрокхӯриро тоза намешӯянд, ки ин метавонад боиси паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ гардад.
Соҳибкороне, ки ба фурӯши обҳои ташнагишикан машғуланд, аз зарфҳои пластикие, ки қаблан истифода шудаанд, такроран истифода мебаранд. Тибқи қоидаҳои маъмули ҳифзи саломатӣ, истифодаи такрории зарфҳои якдафъаина барои саломатии инсон зарар мерасонад. Инчунин, нӯшокиҳое, ки аз меваи хушк омода карда шудаанд, дар зарфҳои болокушода ба фурӯш гузошта шудаанд, ки ин хилофи қоидаҳои санитарӣ мебошад. Як соҳибкор бе иҷозатномаи махсус ба фурӯши машруботи спиртии  беаксиз машғул буд. Кормандони РВКД дар вилояти Хатлон нисбат ба ӯ  чораҳои ҳуқуқӣ андешиданд.
Мутахассисони маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва ноҳияи Дӯстӣ нисбат ба 8 соҳибкоре, ки талаботи санитарию эпидемиологиро сарфи назар намудаанд, санадҳои маъмурӣ тартиб дода, онҳоро ба маблағи 950 сомонӣ ҷарима бастанд.
Риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ вазифаи  ҳар як фарди масъул, аз ҷумла соҳибкоронест, ки бо маводи хӯрока сару кор доранд. Ҳамзамон, шаҳрвандонро мебояд, ки ҳангоми харидан ба сифату муҳлати истифода ва тарзи нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2018    №: 160    Мутолиа карданд: 1122
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед